Абдумалик Абдуллоҷонов
Абдумалик Абдуллоевич Абдуллоҷонов | |
20 ноябри 1992 — 18 декабри 1993 (и.в. аз 21 сентябри 1992) |
|
Пешгузашта |
Акбар Мирзоев Ҷамшед Каримов (и.в.) |
Ҷонишин | Абдуҷалил Самадов |
1987 — сентябри 1992 | |
|
|
Таваллуд |
1 январ 1949 (75 сол) |
Таҳсилот | |
Касб | Муҳандис-технолог |
Эътиқод | Ислом |
Абдумалик Абдуллоҷонов (1 январи соли 1949, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими сиёсии тоҷик, сарвазири Тоҷикистон аз 21 сентябри 1992 то 18 декабри 1993.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдумалик Абдуллоҷонов 1 январи соли 1949 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи номдор таваллуд шудааст. Бобои Абдуллоҷонов — профессор Абдураҳмон ибн аш-шайх Муҳаммад Султон ал-Маъсумӣ — олими машҳури улуми динӣ буд ва соли соли 1922 ба Арабистони Саудӣ фирор карда, онҷо мушовири шоҳи саудӣ Абдул Азиз буд.
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1971 Донишкадаи технологии Одессаро аз рӯи ихтисоси муҳандис-технолог хатм кард. Аз соли 1971 — сардор, баъдан сарвари комбинати Қайроққум шуда кор кардааст.
Аз соли 1980 — муовини вазири аъшёи хоми ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1986 — муовини якуми вазир, аз соли 1987 — вазири масолеҳи нонии ҶШС Тоҷикистон буд.
Аз 21 сентябри соли 1992 — иҷрокунандаи вазифаи сарвазир; аз 20 ноябри соли 1992 — сарвазири Тоҷикистон буд.18 декабри соли 1993 ба сабаби норозигӣ бо сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, худро ба истефоъ дод.
Солҳои 1993—1994 — сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд.
Моҳи ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадии худро гузошт. Моҳи июли соли 1996 блоки сиёсии Ҳамдилии миллиро ташкил кард. Баъдан — пешвои Чунбиши мухолифини шимол барои тамаддуни миллӣ буд. Аз нимаи даҳаи 1990-ум дар муҳоҷират зиндагӣ мекунад, Абдуллоҷоновро ҳамчун ташкилкунанди нооромиҳои Хуҷанд дар соли 1998 айбдор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир Абдуллоҷонов дар шаҳри Лос Анҷелеси Иёлати Калифорнияи ИМА зиндагӣ мекунад[1].
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кто есть кто в России и в ближнем зарубежье: Справочник. — М., Издательский дом «Новое время», «Всё для вас», 1993. — ISBN 5-86564-033-X
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абдумалик Абдуллоҷонов дар бораи сессия, интихобот ва инноватсия — 19 ноябри 2012 Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/interview-abdumalik-abdullojonov-exclusive/24775185.html
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 январ
- Зодагони соли 1949
- Зодагони вилояти Суғд
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Номзадҳо ба президенти Тоҷикистон
- Сафирони Тоҷикистон дар Русия
- Сарвазирони Тоҷикистон