Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ
араб. ар. أبو حامد محمد بن محمد الغزالي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл:

файласуф, мутакаллим, зиндагиноманавис, илоҳиётшинос

Санаи таваллуд:

1058[1]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

19 декабр 1111

Маҳалли марг:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод:

Ислом, суннӣ, шофеъӣ ва тасаввуф

Самти фаъолият:

фалсфаи исломӣ[d]

Устодон:

Абдулмалики Ҷувайнӣ

Шогирдон:

Baha ud-Din Walad[d] ва Abu Bakr ibn al-Arabi[d]

Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:

Commons-logo.svg Викианбор  

Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Абуҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ (ар. ابو حامد محمد بن محمد الغزالى‎, машҳур ба Муҳаммади Ғаззолӣ; 1058, Тӯс — 19 декабри 1111, Тӯс) — фақеҳ, ҳаким, донишманд, мударриси номии мадрасаи «Низомия», адиби аҳди Салҷуқиён.

Ғаззолӣ дар осораш аз масоили муҳим бадеию зебоишиносии созу овоз, мусиқӣ (самоъ) нуктаҳои ҷолиб ба миён оварда, дар «Эҳё-ул-улум» (бахши ҳафтум, фасли чорум роҷеъ ба овозу созҳои роиҷ дар миёни сӯфиён тавсифоти назарӣ додааст. Зимни ин дар ҳамин боб дифоъ аз самоъу мусиқии орифон матолиби аҷибе баён карда, мавзӯи мусиқиро аз 7 роҳ баррасӣ намуда, нақши муассир доштани мусиқиро дар хондани Қуръон хоса таъкид намудааст.

Ғаззолӣ дар бораи сароишу иҷро ҳадди назарии амиқ гузошта, ҳар асари ҳунарӣ, ашъоре, ки барои иҷро пешниҳод мешавад «ба садои мувофиқу воҷиб андозаи алҳони мавзуни ороста шуда бо-шад». Паҳлӯҳои муҳими ахлоқӣ, бадеию зебоииносии созу овоз дар асли ҳаштуми «Кимиёи саодат» амиқтар ба қалам омада, дар иртибот ба ин мавзӯъ ривоёт, ҳадисҳои зиёдеро пеш оварда, муҳимияти созу овозро дар такмилу солимияти рӯҳи инсонҳо собит намудааст[2].

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  2. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 53-54 ISBN 978-99947-49-13-3

Адабиёт[вироиш]

  • Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890;
  • Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377;
  • Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963;
  • Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966;
  • Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375.