Jump to content

Алҷазира

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алҷазира
ар. الجزائر
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Алҷазоир
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 944
Масоҳат
  • 363 км²
Баландӣ
0 м
Вақти минтақавӣ UTC+1[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 3 415 811 тан (2011)
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 213
Нишонаи почта 16000–16132
Алҷазира дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алҷазира (арабӣ: الجزائر) — шаҳр, пойтахти Алҷазоир.

Маркази асосии маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат. Дар соҳили ғарбии халиҷи Алҷазира, дар домана ва байни талу теппаҳо (дар соҳили Баҳри Миёназамин) воқеъ аст. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (бо агломератсияи атрофаш – 3,9 млн нафар – 2009), асосан арабҳо (83%), барбариҳо (16%) ва европавиҳо (1%). Дини асосии давлатӣ – ислом. Алҷазира дар садаи X аз тарафи барбариҳо дар ҷойи харобаи бандари финикии Эй-Кози (асри 9 то м.) бино ёфтааст. Дар садаи XI яке аз марказҳои бандари баҳрӣ буд. Солҳои 1516 – 1830 – пойтахти давлат дар ҳайати Империяи Усмонӣ. Алҷазираро франсавиён соли 1830 забт карда, ба маркази маъмурии мустамликаи худ табдил доданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) Алҷазира қароргоҳи Фармондеҳии иттифоқчиён дар Баҳри Миёназамин, дар давраи инқилоби миллӣ-демократии Алҷазоир (1954 – 62) яке аз марказҳои ҳаракати озодихоҳӣ буд. Аз соли 1962 пойтахти Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир.

Алҷазира бандари бузури соҳили Баҳри Миёназамин буда, узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналхалқӣ, метрополитен дорад. Дар Алҷазира саноати мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қишлоқ, васли худрав) ва коркарди металл мавқеи асосӣ дорад.

Корхонаҳои коркарди нефт, истеҳсоли семент, чарму пойафзор, саноати химия, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, коғазу селлюлоза бештар тараққӣ кардааст. Алҷазира дорои донишгоҳ, боғи ботаникӣ, мактаби олии савдо, ин-ти кишоварзӣ, музейҳои миллии осори атиқа ва саноеи нафиса, музейи таърихи ибтидоӣ ва этнография (кӯшки Бордо), китобхонаи миллӣ, театри миллӣ мебошад. Манораҳои муҳташаму ёдгориҳои меъмории Алҷазира: Масҷиди калон (1096) бо манора (1323), Оромгоҳи (дахмаи) Сидӣ Абдурраҳмон (1611), масҷидҳои Ҷомеъ-ул-Кобир (асри 11) ва Ҷомеъ-ул-Ҷадид (1660), Қалъаи Қасбо, Маъбади масеҳии Модархудои Африка, Майдони Азиятмандон, ки ба шарафи қаҳрамонони ҷанг баҳри истиқлоли Алҷазоир (1954 – 62) номгузорӣ шудааст.



Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде