Амир Қароқулов
Амир Бӯриевич Қароқулов | |
Таърихи таваллуд | 15 июл 1942 |
Зодгоҳ | вилояти Сурхондарё, Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 10 март 2014 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи Ҳизби комунистии ноҳияи Файзобод, кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илми кишоварзӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор, академик |
Алма-матер | Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон |
Маъруф ба | Амир Қароқулов |
Ҷоизаҳо |
ду ордени «Нишони фахрӣ», «Хидмати шоиста», нишони «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон |
Амир Бӯриевич Қароқулов (15 июли 1942, вилояти Сурхондарёи Узбакистон — 10 марти 2014 , Душанбе, Тоҷикистон) — доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), академик, узви вобаста (1994) ва узви пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2001), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон. Собиқ Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (2005—2014).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амир Бӯриевич Қароқулов — 15 июли соли 1942 дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд шудааст.
- 1955—1959 — толибилмӣ омӯзишгоҳи зооветеринарии Сталинобод.
- 1959—1964 — донишҷӯи факултаи зоотехникии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
- 1964—1965 — зоотехники колхози ба номи Ленин дар ноҳияи Турсунзода.
- 1965 — котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳияи Турсунзода.
- 1968 — сардори шуъбаи ташкилотҳои комсомолии кумитаи марказии ҷавонони Тоҷикистон.
- 1971 — коршиноси риштаи кишоварзии шуъбаи кишоварзии кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон
- 1972 — муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 1983 — котиби аввали кумитаи Ҳизби комунистии ноҳияи Файзобод
- 1985—1986 ғоибона дар мактаби олии Академияи фанҳои ҷамъиятшиносии назди кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст.
- 1985—1989 — вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
- 1986 — мудири шуъбаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
- 1982—2014 — директори Институти илмӣ-тадқиқотии чорводории Тоҷикистон ва ҳамзамон мудири шуъбаи селексия ва технологияи говҳои сергӯшт ва қутоспарварии ҳамин муассиса.
- 2001 — ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
- 2005—2014 — Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.
- 17 сентябри соли 2006 дар Анҷумани Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Чанд соли охир раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (то соли 2014), узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва узви Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон ва узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Шаҳрванди фахрии Иёлоти Небраскаи ИМА буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ду ордени «Нишони фахрӣ»,
- медалҳои «100-солагии В. И. Ленин»,
- «Хидмати шоиста»,
- «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- ва унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» қадр карда шудаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ tojnews.org АМИР ҚАРОҚУЛОВ ДАРГУЗАШТ(пайванди дастнорас)