Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сайф Раҳимзоди Афардӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Афардӣ, Сайф Раҳимзод)
Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Сайф Абдуевич Раҳимов
Тахаллусҳо: Афардӣ
Таърихи таваллуд: 20 ноябр 1953(1953-11-20)
Зодгоҳ: деҳаи Афардӣ, ноҳияи Балҷувон
Таърихи даргузашт: 20 май 2000(2000-05-20) (46 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Солҳои эҷод: 1980 - 2000
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ (1995)
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2002)

Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич; 20 ноябри 1953, деҳаи Афардӣ, ноҳияи Балҷувон — 20 майи 2000, Душанбе) — нависандаи тоҷик, филмноманавис, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2002) буд[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайф Раҳимзод пас аз донишомӯхта шудан аз мактаби миёнаи Ноҳияи Фархор дастёри чойхонадор, наққоши кинотеатри ноҳияи Маскав (ҳоло ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ), ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1969—1970) буд. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1975). Корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974—1981), мутарҷим дар Афғонистон (1981—1982), хабарнигор, баъдан мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (1983—1987), мутарҷим дар Афғонистон (1987—1988), коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино» (1989—1995), мудири ширкати миллии «Тоҷик­кино» (1995—1997) ва аз августи 1997 то соли 2000 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Асарҳояш аз соли 1980 нашр шудаанд. Сайф Раҳимзод бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» саршинос шуд. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шуҳрат пайдо кард. Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмуъаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён; 1999), «Падруду пай­ғом» (2000), «Доғ­ҳои Офтоб» (2003) ба табъ расиданд. Сайф Раҳимзод услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дошт. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ менигарист. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе тасвир мекард.

Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам». «Пете», «Чоре» ва ғайра дар ҷашнвораҳои байнулмилалие чун ҷашнвораи филми Канн дар Фаронса, барандаи ҷоизаҳо шудаанд. Сайф Раҳимзод дар мақоми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона дошт. Бо ибтикори ӯ дар Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум) барномаи «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» роҳандозӣ шуданд. Дар Кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъ­сис ёфт. Хидмати Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» бузург аст[2].

Сайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии Садриддин Айниро аз ИН Тоҷикистон дарёфт кард. Пас аз маргаш соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд. Қиссаҳову ҳикоёти Сайф Раҳимзод ба забонҳои русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, узбакӣ ва ғайра тарҷума шудаанд[1].

Сайф Раҳимзод шаби 20 майи соли 2000 дар даромадгоҳи хонааш дар натиҷаи амали террористӣ кушта шуд[2][3].

  1. 1.0 1.1 Афардӣ Сайф Раҳимзод // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 88. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  2. 2.0 2.1 Даҳ соли бе Сайфи Раҳимзод(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 21 июни 2018 санҷида шуд.
  3. Нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ. jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 21 июни 2018 санҷида шуд.