Вағанзой
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
---|---|
Вағанзой | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Анзоб |
Координатаҳо | 39°11′00″ а. шим. 69°05′00″ т. ш.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 10 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3479 |
Нишонаи почта | 735520 |
Коди мошин | TJ02 |
Вағанзой (суғдӣ: ваға – сабзу хуррам ва зой – замин) — деҳа дар водии Яғноб, дар ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ. Аз Вағанзой то маркази ҷамоат 53 км, то маркази ноҳия 88 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 10 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш]
Вағинзой мактаб надорад. Хонандагон маълумоти ибтидоиро дар мактаби таҳсилоти ибтидоии деҳаи Марғтумайн гирифта, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Анзоб ва маркази ноҳия таҳсили худро идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз чашмасорон обёрӣ мешаванд. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар Вағинзой марқади Хоҷаи Бӯстон ва Хоҷаи Гулистон маҳфуз мебошанд, ки зиёратгоҳи мардуманд.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
Сарчашма[вироиш]
- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.