Вота
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
---|---|
Вота | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Урметан |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 520 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3479 |
Нишонаи почта | 735520 |
Коди мошин | TJ02 |
Вота — деҳа дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ. Аз Вота то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 45 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 520 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш]
Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи хидмати маишӣ, 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Вота обёрӣ мешаванд. Вота то соли 1850 дар ҷойи ноҳамвор ҷойгир будааст. Мардумаш минбаъд ба ҳамворӣ кӯчида, ҳоло 300 га замини обиро кишт мекунанд. Дар ҳудуди Вота хоҷагии деҳқонии ҷамоавии «Вота – Ёвон» ва 7 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Вота // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2