Вағанзой
Зоҳир
(Тағйири масир аз Вағинзой)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Анзоб |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 10 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3479 |
Нишонаи почта | 735520 |
|
Вағанзой (ҳамчунон Вағинзой; суғдӣ: ваға – сабзу хуррам ва зой – замин) — деҳа дар водии Яғноб, дар ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ. Аз Вағанзой то маркази ҷамоат 53 км, то маркази ноҳия 88 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 10 нафар (2017; 15 нафар — 2007), тоҷикон (яғнобиҳо).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Вағинзой мактаб надорад. Хонандагон маълумоти ибтидоиро дар мактаби таҳсилоти ибтидоии деҳаи Марғтумайн гирифта, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Анзоб ва маркази ноҳия таҳсили худро идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз чашмасорон обёрӣ мешаванд. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар Вағинзой марқади Хоҷаи Бӯстон ва Хоҷаи Гулистон маҳфуз мебошанд, ки зиёратгоҳи мардуманд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.