Гули Сурх (деҳа, н. Кӯшониён)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гули Сурх | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Кӯшониён |
| Ҷамоат | Деҳоти Навбаҳор |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 881 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3245 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гули Сурх — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён. Аз Гули Сурх то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 881 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳия таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гули Сурх 24 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1947 таъсис ёфта, аҳолиаш бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои Водии Вахш аз ноҳияи Тавилдара муҳоҷир шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гули Сурх // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2