Гулафшон (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулафшон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Ҷаббор Расулов |
| Ҷамоат | Деҳоти Ҳаёти Нав |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Номҳои пешина | Янтоқзор |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2482 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3455 |
Гулафшон (собиқ Янтоқзор) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Гулафшон то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 2482 нафар (2017). Соли 1954 таъсис ёфтааст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаи бачагон, масҷиди панҷвақта, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона, бунгоҳи тиббӣ, хонаи фарҳанг ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷабойқӯрғон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулафшон хоҷагии деҳқонии «Шодиёна» ва 6 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳи шоир Алиҷон Юлдошев мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулафшон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2