Зархез (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зархез | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Ҷаббор Расулов |
| Ҷамоат | Деҳоти Ғӯлакандоз |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 807 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3455 |
Зархез (то 29.3.2012 Олмабозор) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Зархез то маркази ҷамоати деҳот 2 км, то маркази ноҳия [шаҳраки Меҳробод (собиқ Пролетар)] 7 км, то маркази вилоят (ш. Хуҷанд) 24 км. Аҳолиаш 807 нафар (2017).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази савдо, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо тавассути наҳрҳои Деҳмой ва Рахна аз рӯди Сир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 25 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зархез // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2