Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркор (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ҷаббор Расулов
Ҷамоат Деҳоти Деҳмой
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 135 км²
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3429 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3455
Нишонаи почта 735800
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Заркор (то 29.3.2012 Қазноқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Заркор то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 12 км. Аҳолиаш 3429 нафар (2017).

Заркор аз 4.10.1958 дар ҳайати ҷамоати деҳоти Деҳмой қарор дорад. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 маркази саломатӣ, беморхонаи минтақавии «Янги Қадам», боғчаи бачагонаи хусусӣ, дорухона, китобхона, сартарошхона, 2 маркази савдо, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 обҷувози равғанкашӣ ва 2 осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ, боғу токдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо тавассути наҳрҳои Томчӣ ва Аҳорун – 2 аз рӯди Сир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа коргоҳи дӯзандагӣ, 43 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Навниҳол», «Тоҳир», «Пахтакор», «Забардаст» ва «Исмоили Сомонӣ» фаъолият доранд.