Гулистон (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ҷаббор Расулов |
Ҷамоат | Деҳоти Деҳмой |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 4216 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3455 |
|
Гулистон (собиқ Қуланбош, то 29.3.12) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4216 нафар (2017).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, 3 ошхона, тӯйхона, 3 осиёби хусусӣ, 4 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, масҷиди панҷвақта, устохонаи таъмири автомобил ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 16 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Механизатори хидматнишондодаи Тоҷикистон Нуриддин Собиров дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2