Гулхона (деҳа, н. Ҷаббор Расулов)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ҷаббор Расулов |
Ҷамоат | Деҳоти Гулхона |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 9159 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3455 |
Нишонаи почта | 735820 |
|
Гулхона — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Гулхона то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 9159 нафар (2017).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи бачагон, 2 чойхона, тӯйхона ва коргоҳи пахтатозакунӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо тавассути пойгоҳи обкашӣ аз чоҳҳои зеризаминӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 48 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Гулхона» мавҷуд аст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | 2010[1] | 2020[1] |
Аҳолӣ | 7988 | 9463 |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулхона // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2