Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарнисор (деҳа, н. Рӯдакӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарнисор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷамоат Деҳоти Чоргултеппа
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3807 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3137
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Зарнисор (то соли 2008 Янгиобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 1 км. Аҳолиаш 3807 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри Кӯктоши Боло аз рӯди Кофарниҳон обёрӣ мешавад. Дар ҳудуди деҳа 40 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.