Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зартеппа (деҳа, н. Рӯдакӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зартеппа
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷамоат Деҳоти Гулистон
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 1763 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3137
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Зартеппа — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Зартеппа то маркази ҷамоати деҳот 2 км, то маркази ноҳия 22 км. Аҳолиаш 1763 нафар (январи 2017). Соли 1935 бунёд шудааст.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта ва 7 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри Мавлоно аз рӯди Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа корхонаи коркарди чӯбу тахта ва 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.