Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулистон (деҳа, н. Рӯдакӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷамоат Деҳоти Гулистон
Таърих ва ҷуғрофия
Номҳои пешина Ҳазрати Мавлоно
Аҳолӣ
Шумора 7409 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3137
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулистон то маркази ноҳия 22 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 7409 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, китобхона, 2 чойхона, сартарошхона, 3 осиёби хусусӣ ва 9 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Мавлоно обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон масҷид ва марқади Мавлоно Яъқуби Чархӣ воқеъ аст, ки зиёратгоҳи мардум мебошад.

Сол 2010[1]
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
5,7
  1. ↑ Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.