Гулобод (деҳа, н. Рӯдакӣ)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Зайнабобод |
Номҳои пешина | Қизиласкар |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 2174 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3137 |
Нишонаи почта | 735100 |
Коди мошин | TJ07 |
Гулобод (собиқ Қизиласкар, то соли 2008) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2174 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ. Заминҳо аз наҳри Кӯктош обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 6 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қурбон Солиев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2