Зарчашма
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Зарчашма (деҳа, н. Рӯдакӣ))
| Деҳа | |
Зарчашма | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Рӯдакӣ |
| Ҷамоат | Деҳоти Эсанбой |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 97 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Зарчашма (собиқ Кӯкабулоқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Зарчашма то маркази ҷамоати деҳот 40 км, то маркази ноҳия 20 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 97 нафар (2017). Деҳа муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чагам давом медиҳанд. Деҳа бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва 1 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман лалмӣ буда, қисми дигарашон аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарчашма // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2