Jump to content

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (2000)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
← 1995   Тоҷикистон  2005 →
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 2000
Интихобот ба Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати I
27 феврал (даври якум) ва 12 март (даври дуюм) соли 2000
Явка 93,36 %
Глава партии Эмомалӣ Раҳмон Шодӣ Шабдолов Номзади мустаъқил
Партия Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Номзади мустаъқил
Мест получено 36 13 10
Голосов 1,741,540
(64,91 %)
547,076
(20,39 %)
Глава партии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Маҳмадрузӣ Искандаров Мирҳусейн Назриев
Партия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳизби демократии Тоҷикистон Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Мест получено 2 0 0
Голосов 196,105
(7,31 %)
94,963
(3,54 %)
37,728
(1,32 %)

Интихоботи парлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон навбатӣ буда, дуввумин интихобот дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. 63 нафар вакилони ) даъвати 1 – палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маҷлиси Олии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 дар Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999) дупалатагӣ шуда буд.

Ин аввалин интихоботи порлумонӣ пас аз анҷоми Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) дар ҷумҳурӣ буд.

Дар давраи тайёрӣ ба интихобот дар шароити ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пас аз он ки фаъолияти аҳзоби сершумори мухолиф дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) мамнӯъ шуд, бархе аз онҳо пас аз соли 1997 дар чаҳорчӯби созиши ҳукумат ва мухолифон дубора барқарор шуданд. Пас аз он ки ақоиди гуногун ва гуногунандешии ҳизбӣ ба ин васила ташаккул ёфт, шумораи маҳдудиятҳо дар моҳҳои пеш аз интихобот афзоиш ёфт. Фаъолияти шаш ҳизб асосан ба далели иштибоҳҳои расмӣ дар сабти ном ё нақзи қоидаҳои интихобот дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ мамнӯъ ва ё боздошта шуданд.Ин сиёсати шадиди ҳукумат нигарониҳои мухолифинро аз василаи одилонаи интихобот ба бор овард. Моҳи августи соли 1999 ба ду ҳизби умдаи мухолиф, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон иҷоза дода шуд, ки дар интихобот ширкат кунанд. Илова бар ин, бисёре аз сиёсатмадорони мухолиф аз аҳзоби боздоштшуда дар феҳристи интихоботии аҳзоби дигар буданд ва ё ба унвони номзади мустақил дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ ширкат карданд. Ҳамин тариқ, рақобати сиёсӣ байни ҳизбҳо ва номзадҳои гуногун ба вуҷуд омад.

Дар натиҷа, Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба шаш ҳизб – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, бо раҳбарии Шодӣ Шабдолов, инчунин чаҳор ҳизбро барои ширкат дар интихобот иҷоза дод. Аҳзоби мухолиф: Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мирҳусейн Назриев, инчунин гурӯҳи номзадҳои "Мухолифини нав", ки аъзои ҳизбҳои хурд ва ба қайд гирифтанашуда, инчунин баъзе номзадҳои ғайриҳизбро муттаҳид мекардаанд. Ҳамаашон расман ба унвони номзади мустақил сабти ном шуда буданд, аммо расман аъзои ин гурӯҳ буданд ва қасд доштанд дар сурати ворид шудан ба порлумон фраксияи худро бо ин ном ташкил кунанд.

Ҳизбҳо ва диг. овозхо % Таносуби ягона Ҳавзаҳои мажоритарӣ Ҷойҳо умумӣ
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 1.741.540 64,91 % 15 21 36
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 547.076 20.39 % 5 8 13
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 196.105 7.31 % 2 0 2
Ҳизби демократи Тоҷикистон 94.963 3.54 % 0 0 0
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 37.728 1.32 % 0 0 0
Гурӯҳи "Мухолифини нав" 35.414 1.22 % 0 0 0
Номзадҳои мустақил - - 0 10 10
Ҷойҳои холӣ (бекорнашуда). - 1.31 % - 2 2
Ҳамагӣ 2.683.010 100 22 41 63

Аксари нозирони созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар ин интихобот ширкат доштанд, аз онҳо интиқод карданд. Аз ҷумла, намояндагони САҲА таъкид карданд, ки "интихоботи парлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон мувофиқи ӯҳдадориҳои давлати узв дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор нашуд" [1] .