Jump to content

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (2020)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ" 1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40% 36 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50% 4 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% 4 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15% 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11% 0 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[1]

4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ - 35 нафар, ҲАТ - 3 нафар, ҲКТ - 2 нафар ва ҲИИТ - 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[1]