Лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар Тоҷикистон
Лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Чин
[вироиш | вироиши манбаъ]Июни соли 2006 дар рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Шанхай (Ҷумҳурии Халқии Чин) дар бораи маблағгузории се лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон ба миқдори $ 603,5 млн. шартнома ба имзо расид.
Роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд – Чанак
[вироиш | вироиши манбаъ]Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Айнӣ – Шаҳристон – Истаравшан – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак (сарҳади Ӯзбекистон) , ки 411 км дарозӣ дорад ва нақби Шахристон. Роҳи автомобилгард пойтахти мамлакат Душанберо тамоми сол бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимоли мепайвандад;
- Сохтумони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500кВт) , ки 350 км. дарози дорад;
- Сохтумони хати баландшиддати барқии «Лолазор – Хатлон» (ЛЭП – 220кВт) .
- Хароҷоти умумии лоиҳаҳо - $ 640 млн. Аз ҷумла: $ 603,5 млн. саҳми Ҷумҳурии Халқии Чин, $ 36,5 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон солҳои 2006-2011 амалӣ шудаанд.
13 сентябри соли 2014 маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон шуда гузашт. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» соли 2013 ба имзо расида буд. Лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад.
Тоҷикистон ва Россия
[вироиш | вироиши манбаъ]- 16 феврали соли 2005 барои сохтани НБО Сангтӯда-1 ҷамъияти муштараки саҳҳомии Русия- Тоҷикистон – НБО Сангтӯда-1 бо иштироки Компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бунёд шуд. Хароҷоти умумии сохтумон – $ 482 млн. муайян гардид. 75% саҳмияҳо аз Русия («ЕЭС Русия») ва (25%) аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
- 20 январи соли 2008 агрегати якӯм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чаҳоруми НБО Сангтӯда-1 ба истифода дода шуд. Иқтидори Нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-1 - 670 меговатт, иқтидори солонааш 2,7 млрд. кВт ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.
Тоҷикистон ва Эрон
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтмони нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» соли 1998 бо кумаки молиявии Эрон сар шуд.Дарозии нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» 5049 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони он аз ду ҷониб - шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст.Нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» имконият фороҳам овард,ки равобити байни вилояти Суғд бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.
- 20 феврали соли 2006 маросими сохтмони НБО Сангтӯда-2 оғоз гардид, ки иқтидори 4 агрегати он - 220 меговатт мебошад. Хароҷоти умумии сохтумон – $ 220 млн., Аз ҷумла: $ 180 млн. саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон, $ 40 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Баъди ба итмом расидани 12,5 сол, истифодаи барки НБО Сангтӯда-2 пурра ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Тоҷикистон - Бонки рушди Осиё ва хазинаи ОПЕК
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақби автомобилгарди "Шаҳристон" дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) киллометри 180 ҷойгир аст (дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон). Сохтумони нақб давоми корҳои таъмири роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) мебошад.
То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.[1].[2]
Роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент - яке аз шохаҳои Роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) мебошад ва дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Сохтумони он давоми корҳои таъмири роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) мебошад. Ба истифода супоридани роҳи автомобилгарди Айнӣ — Панҷакент - соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.[3]
Роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Узбекистон- роҳи - роҳи автомобилгарди байни Душанбе ва Тошканд мебошад, ки ба роҳхати М34 (Роҳи автомобилгард) дохил мешавад. Расми саршавии таҷдиду тармими лоиҳаи инвеститисонии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода - сарҳади Узбекистон 7 ноябри соли 2011 баргузор шуда буд.
Дар ноҳияи Данғара 19 декабри соли 2014 ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ нусхаи бойгонӣ. 12 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 апрели 2015.
- ↑ Сдачу тоннеля «Шахристан» вновь перенесли на месяц//Аsia-Plus/ № 73(760), 27 сент. 2012
- ↑ Дорога на Узбекистан будет восстановлена//Аsia-Plus/ № 71(758), 20 сент. 2012