Муҳаммадҷон Мирзошоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муҳаммадҷон Мирзошоев
Муҳаммадҷон Мирзошоев
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Комила

Санаи таваллуд:

21 феврал 1948(1948-02-21) (71 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Тоҷикобод, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

нависанда, тарҷумон

Самт:

реализм

Жанр:

очерк, қиссаҳои бадеӣ

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Муҳаммадҷон Мирзошоевнависанда, тарҷумон, журналист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Зиндагинома[вироиш]

Муҳаммадҷон Мирзошоев 21 феврали соли 1948 дар деҳаи Кӯли ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод (собиқ Қалъаи Лаби Об)-и вилояти Ғарм (Рашти ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Дар мактаби ибтидоии зодгоҳаш таҳсил карда, сипас мактаби миёнаи №1 ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Тоҷикободро хатм кардааст. Солҳои 1964-1966 даҳмарда будааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1967-1969, дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1969-1977 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати китобдор, ҳамзамон, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба сифати мусаҳҳеҳ кор кардааст. Яке аз аввалин офаридаҳои илмӣ-оммавии ӯ очерки «Лутфулло Бузургзода» мебошад, ки қисман дар рӯзномаи «Қаротегини Советӣ» (1970) чоп шудааст. Соли 1970 «Раҳнамои хонанда» ном дастуре таълиф намудааст, ки ба масъалаи эҳтирому истифодаи босамари китоб бахшида шудааст. Чанд очерки ӯ ба тасвири кору пайкор ва рӯзгори муҳоҷирони водии Вахш, ҳифзи табиати зебову гуворои Тоҷикистон бахшида шудаанд. Солҳои 1971-1977 донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва узви Шӯрои илмии факултаи номбурда, солҳои 1985-1991 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», солҳои 1986-1990 узви Шӯрои этика ва ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Солҳои 1989-1991 аввал дар Мактаби олии ҳизбӣ, сипас Институти сиёсатшиносии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Аз соли 1991 то ҳол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» мебошад. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт[вироиш]

Як силсила мақолаву очерки ӯ ба тасвири ҳаёт ва фаъолияти олимони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Баҳодур Искандаров, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов ва диг. бахшида шудааст, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Китобҳои ӯ «Баҳодури Бағалак» (1984, ба забони русӣ), «Лолаҳои аз хун дамида» (1987), «Дилпора» (1989), «Аз санг нола хезад» (1992), «Фарзонамард» (1998), «Зинаҳои қуллаҳо» (2001), «Сипаҳсолори кошифони асрори ниҳон» (2004), «Манзар-о-о-о, Манзар!» (2004) ва ғ. аз офаридаҳои ӯстанд. Намунаҳои эҷодаш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Бархе аз очеркҳои проблемавии В. Распутин (Русия), А.Шугай (Украина), Э. Генри (Олмон)-ро тарҷума ва чоп кардааст.

Мукофот[вироиш]

  • Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон;
  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. [1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 131-132 ISBN 978-99947-2-379-9