Ниятбек Миралибеков
Таърихи таваллуд | 9 май 1940 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 13 декабр 2007 (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | ҷонваршиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | Candidate of Biology Sciences[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Миралибеков Ниятбек Миралибекович ( 9.05.1940 – 13.12.2007 ) – олими тоҷик, зоолог , растанипарвар, номзади илмҳои биология, муҳаққиқи соҳа , директори Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю.Юсуфбеков [1] Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ниятбек Миралибеков 9 май соли 1940 дар деҳаи Миденшори Совети кишлоқи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ) ҶШС Тоҷикистон дар оилаи Юсуфбеков Миралибек, раиси колхози «Сотсиализм» таваллуд шудааст. Дар ин ҷо соли 1958 пас аз хатми мактаби миёна ба факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 1963 онро хатм намуд ва тахассуси агрономиро гирифт .
Аз соли 1963 то соли 1965 дар совхози «Ватан»-и ноҳияи Шуғнон агроном шуда кор кардааст.
Солҳои 1965-1966 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1966 узви Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ.
Аз ноябри соли 1966 то ноябри соли 1969 дар аспирантураи рӯзонаи Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таҳсил кардааст.
Соли 1974 Н. М. Миралибеков рисолаи номзадиашро «Ҳашароти зараррасони зироатҳои мевагӣ дар Помири Ғарбӣ ва асосҳои илмии мубориза бо онҳо» дифо намуда, унвони номзади илмҳои биологияро гирифт.
Аз соли 1970 то соли 1974 хурди илмии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон буд.
Аз соли 1974 то соли 1979 ходими калони илмии Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Аз соли 1979 то соли 1999 директори Боғи ботаникии Помир. Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.
Аз соли 1999 то 2003 - муовини директори Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю.Юсуфбеков Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2003 то 2007 директори Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю.Юсуфбеков Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар баробари кори ташкилотчигӣ ба сифати директори Боғи ботаникии Помир (аз соли 1979) оид ба зоология (алоқа бо истеҳсолот — хоҷагии ҷангал ва совхозҳои ВМКБ мунтазам ба роҳ монда шуда буд, барои бартараф намудани ҷойҳои паҳншавии оммавии ҳашароти зараррасон ёрии амалӣ расонд), Рустанипарварӣ ва парвариш намудани растаниҳо тадқиқот гузаронд.Дар давоми солҳои роҳбарии Н.М.Миралибеков майдони растаниҳои Осиёи Миёна коллексияи олами наботот се баробар зиёд шуд. Бо назардошти хусусиятҳои экологии навъҳои растанӣ ва аз рӯи хусусиятҳои объектҳои тадқиқотӣ дар боғи ботаникӣ 3 гурӯҳ: дендрология, гиёҳҳои хуроки чорво ва шифобахш, гулпарварӣ ва аз рӯи шуъбаҳо: ба Осиёи Шарқӣ, Аврупо ва Қафқоз, Амрикои Шимолӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш ташкил карда шуданд. Дар давоми солҳои фаъолияти ӯ корҳои интродуктивӣ хеле васеъ гардиданд, ки дар натиҷа дар Помир, Боғи ботаники номгӯи навъҳои бехмева, зироатҳои полизӣ, сабзавот, дарахту буттаҳо ва зироатҳои мевагӣ, ки ватанашон Шарқи Дур ва Осиёи Шарқӣ мебошад, пурра гардид. Мубодилаи тухмии набототи кӯҳӣ бо 170 нафар муроҷиаткунандагон аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва тақрибан 200 нафар аз 40 маркази ботаникии Аврупо, аз ҷумла аз Олмон, Норвегия, Дания, Ҳолланд, Чехословакия, инчунин Канада, ИМА ва дигар кишварҳои ҷаҳон таъсис дода шуд.
Ӯ дар кумитаҳои барномавӣ дар конференсияҳо ва симпозиумҳои бузурги байналмилалӣ ширкат варзида бо маърӯзаҳои илмӣ («Проблемаҳои актуалии экологияи кӯҳҳои баланд», «Хусусиятҳои экологии гуногунрангии биологӣ») дар Самарқанд, Тошканд, Ашқобод, Бишкек, Нукус, Душанбе ва Хоруғ баромад кардааст.
Семинарҳо гузаронида, дар Донишгоҳи Оғохони Осиёи Марказӣ дар Алмаато лексияҳо хондааст. Да ш. Хоруғ, аз ҷумла дар мавзуи «Мухофизати растаниҳои чубин аз ҳашароти зараррасон» баромад намудааст.
Муаллифи зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ва тавсияҳо оид ба растанипарварӣ, кабудизоркунӣ ва ҳифзи растаниҳо (зироатҳои меваю сабзавоти ВМКБ аз ҳашароти зараровар ), ки дар истеҳсолот ҷорӣ карда мешаванд, мебошад .
Ниятбек Миралибекович Миралибеков 13 декабри соли 2007 дар роҳ аз Душанбе ба Хоруғ дар синни 67 солагӣ даргузашт.
Мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои меҳнати бисёрсолаи софдилона, барои хизматаш дар соҳаи илм, иштирок кардан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва тарбияи кадрҳо мукофотонида шудааст:
- медали «Ветерани меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (1989);
- Ифтихорномаи Раиси Ҳукумати ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004);
- Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (1990);
- Нишони «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ, 1978 » (1979).
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Зан: Абдулкаримова Давлатбегим (соли таваллудаш 1945) — дар мактаби миёнаи раками 12-и Совети кишлоки Поршиневи райони Шуғнони ВМКБ муаллима шуда кор кардааст. Фарзандон: Миралибекова Мавҷуда Ниятбековна (тав. 1968) - омӯзгори Мактаби олии сарҳадии Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Миралибеков Шабоз Ниятбекович (тав. 1970) - ноиби президенти Иттифоқи ҷамоатҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ (AGOCA); Миралибекова Шаноз Ниятбековна (тав. 1970) - муҳосиби филиали ҶСП «Нахустин Бонки маблағгузории хурд» дар шаҳри Хуҷанд ; Миралибеков Манучеҳр Ниятбекович (тав. 1973) – географ-эколог аз рӯи маълумот; Миралибекова Мавлуда Ниятбековна (тав. 1982) духтури оилавии поликлиникаи раками 1-и шахри Душанбе. Бародар: Баҳодур Миралибеков (тав. 1950) – актёри шӯравӣ, театр ва кинои тоҷик, коргардон, узви Иттифоқи синамогарони СССР (1990), Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саррежиссёри Театри давлатии драмавии русӣ ба номи В.Маяковский.
Хотира
[вироиш | вироиши манбаъ]9 майи соли 2016 Дар эфири Шабакаи давлатии иттилоотии шабонарӯзии «Ҷаҳоннамо», дар барномаи таҳлилии «Тақвими рӯз» бахшида ба солгарди зодрӯзи ӯ маводи видеоӣ дар бораи ҳаёти Н. М. Миралибеков — зоологи шӯравӣ, олими тоҷик, селексионер, номзади илмҳои биология, директори боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир. Академик Х. Ю. Юсуфбекова.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шохуморов Ш. Ш. Равзаи сабзи умри олим (ба муносибати 70 солагии Ниятбек Миралибеков) = [Цветущий райский сад в жизни ученого (к 70-летию со дня рождения Ниятбека Миралибекова)] // Бадахшон. — 2010. — 3 сентябри (№ 35(10308)).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- MIRALIBEKOV Niyatbek Miralibekovich. ЦентрАзия. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2017.
- ИА "Азия Плюс". Памирскому ботаническому саду исполнилось 75 лет. «ASIA-Plus» (Душанбе, Таджикистан) (14 май 2015). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2017.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ПБИ им. академика Х. Ю. Юсуфбекова имеет экспериментальные базы и сеть стационаров по всей области в ГБАО: Хорогская, альтиту́да 2180-3600 м. — Памирский ботанический сад им. А. В. Гурского; Восточно-Памирская (биостанция) в 25 км от райцентра Мургаба, альтиту́да 2860-4700 м; Ишкашимская — альтиту́да 2650 м и Дарвазский — альтиту́да 1000 м.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 май
- Зодагони соли 1940
- Даргузаштагони 13 декабр
- Даргузаштагони соли 2007
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Энтомологони Тоҷикистон
- Биологони Тоҷикистон
- Номзадҳои улуми биология
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Олимони Тоҷикистон