Парвиз Ҷабборзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парвиз Ҷабборзода
Парвиз Ҷабборзода
Таърихи таваллуд 22 апрел 1977(1977-04-22)
Зодгоҳ Душанбе
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон

Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир — ҳуқуқшинос[1], котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд[2], аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд[1], Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров[3] (қаблан), айни замон Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон[3], фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. [4]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвиз Ҷабборзода 22 апрели соли 1977 дар оилаи хизматчии давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст[4]. Падараш Абдуқодир Ҷабборов яке шахсиятҳои шинохтаи кишвар ба ҳисоб меравад. Парвиз Ҷабборзода пеш аз ҳама, аз мактаби бузурги роҳбариву кордонӣ ва ташаббускории падараш, ходими давлативу ҷамъиятӣ, соҳибкори муваффақ дарс ибратомӯзӣ гирифтааст. [2] Солҳои 1982-1992 дар мактаби таҳсилоти миёнаи № 200 ноҳияи марказии шаҳри Душанбе ва мактаби № 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таҳсил намудааст. [4] Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шудааст. Соли 1997 донишгоҳи мазкурро бо муваффақият аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.[5] Дар баробари бо муваффақият хатм намудани Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Парвиз Ҷабборзода аз моҳи сентябри соли 2011 то соли 2014 дар Донишгоҳи Давлатии Гуманитарии шахри Москваи Федератсияи Руссия таҳсил намуда соҳиби диплом ва шаҳодатнома бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» гаштааст. [4][6]

Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1994 дар асоси роҳхати Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси котиби маҷлиси суди Суди халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1996 то моҳи апрели соли 1997 дар шӯъбаи молияи собиқ шаҳри Чкаловск, ҳозира Бӯстони вилояти Суғд, ба ҳайси мутахассиси пешбари даромад ва пардохти давлатӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 1998 то моҳи июли соли 2007 вазифаи роҳбари меҳмонхонаи «Сино»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи марти соли 2008 то соли 2013 ба ҳайси котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Суғд, адои вазифа намудааст. [1]

Парвиз Ҷабборзода аз соли 2013 то чанд муддат вазифаи роҳбарии ҶДММ «Сино-555»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ ба ӯҳда дошт.[5] Дар ҷараёни кору фаъолиятҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамзамон сардори шӯъбаи Ташкилоти умумии Россиягии «Мубориза бо фасод (коррупсия)» дар шаҳри Хуҷанд мебошад.[4] Аз моҳи майи соли 2014 то инҷониб дар вазифаи Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд кору фаъолияти пурсамар дорад. [4]

Парвиз Ҷабборзода ҳамчун як нафар фарзанди шоистаи кишвар кӯшиш мекунад барои амалӣ намудани дастуру супоришоҳи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ҶҲАТ ва  Мақомотҳои маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  барои кӯмак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа, баланд бардоштани савияи маърифат ва дониши мардум дар мавриди ҳифз аз ҳодисаҳои нохуши  табиӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар самтҳои муҳим нақши худро гузорад. [2]

Фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Парвиз Ҷабборзода аз моҳи марти соли 2015 вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб мегардад. Дар ҷараёни фаъолияти вакилӣ номбурда дар иқдомҳои созандаву ташаббусҳои неки Ҳукумати кишвар мунтазам саҳми арзанда гузоштааст. Чуноне, ки хабаргузории Avesto аз ҷараёни яке аз вохӯриҳо бо аҳолӣ навиштааст, Парвиз Ҷабборзода вакилро садои халқ унвон намудааст ва ин масъулияту боварии халқро нисбати худаш ӯ пайваста қадр менамояд. [3]

Моҳи марти соли 2020 вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд интихоб мегардад ва то ҳол дар ин мақом фаъолият дорад. Дар баробари ин Парвиз Ҷабборзода яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.[1] Аз ҷумла ҳамчун азъои Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд як қатор пешниҳодҳои судманди ӯ ҷиҳати пешрафти ҷомеа, некӯаҳволии мардум, рушди соҳаи сайёҳӣ, дастгирии давлатии соҳибкорон, имтиёзҳои давлатӣ ва ғайра ҷонибдорӣ карда шудаанд. Бо ташаббуси номбурда дар доираи фаъолиятҳои башардӯстонаи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шумораи зиёди аҳолии ниёзманд ва осебпазир кӯмакҳои мухталиф расонида шудааст. [7]

Дар ҷараёни фаъолияти ҷамъиятӣ ҳамчун вакили халқ, Парвиз Ҷабборзода пайваста дар мулоқоту вохӯриҳои судманд иштирок намуда ҷиҳати пешрафти ҷомеа ва самту сохторҳои мухталиф кӯшиш ба харҷ додааст. Аз ҷумла зимини фаъолият ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд номбурда зимни баромади хеш дар яке аз вохӯриҳо изҳор намуд, ки дар чандин чорабиниҳо вобаста ба ислоҳоти милитсия ширкат варзида, чунин дарк намудааст, ки мақсади асосии ин вохӯриҳо, соддаву осонтар ба мардум фаҳмонидани ин раванд ва ҳадафи ислоҳоти милитсия, ҳамзамон афзун намудани ваколатҳои нозирони минтақавии милитсия, қадрдонии заҳматҳои бештари онҳо ва ба назар гирифтани касбият ва тахассуснокии корманд ҳангоми фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. [8]

Қадршиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давоми фаъолияти корӣ Парвиз Ҷабборзода бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои созмону ҷамъиятҳои маҳалӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шудааст. Аз ҷумла Сипосномаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Айнӣ, Дастгоҳи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷрояи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, Раёсат ва идораҳои мухталиф, сохторҳои мухталифи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ ва ғайра барои саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи барномаҳои мухталифи давлатӣ, корҳои тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи аҳолӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш ва дигар корҳои назаррас мукофотонида шудааст. [4]

Вазъи оилавӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор (аз соли 1998). Соҳиби се фарзанд, ду духтар ва як писар. [4]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Рустамбек Аҳмадзода. Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир. https://telegra.ph/ (22-12-2023).
  2. 2.0 2.1 2.2 Саидумрон Саидов. Аз кору фаъолияти Парвиз Ҷабборзода. https://facebook.com (22-04-2023).
  3. 3.0 3.1 3.2 Avesta.tj. Депутат – это глас народа, — Парвиз Джабборзода. https://avesta.tj/ (15-10-2015).
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 4.6 4.7 Рустамбек Аҳмадзода. Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир. https://dzen.ru/id/64f6c8ad5a69cd24f0810efd (18-10-2023).
  5. 5.0 5.1 Рустамбек Аҳмадзода. Парвиз Ҷабборзода. https://medium.com/@Rustambek_Ahmadzoda (21-06-2023).
  6. Демяненко Николай Валерйевич. Русия ва Тоҷикистон: болоравии завқи интегратсионии ду халқ. http://hakikati-sugd.tj/. Ҳақиқати Суғд (рӯзнома) (30-10-2014). 26 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 июли 2023.
  7. Истамҷони Наҷмиддин. Мақсад: Кӯмак ба афроди ниёзманд. http://hakikati-sugd.tj/. Ҳақиқати Суғд (рӯзнома) (13-05-2016). 26 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июни 2023.
  8. ВКД ҶТ. Мақсади ислоҳоти милитсия - беҳтарсозии кору хизмат ва робита бо ҷомеа. https://www.vkd.tj (22-01-2019).

Сарчашмаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сомонаи Расмии ҶҲАТ: https://redcrescent.tj/
  2. Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар шабакаҳои иҷтимоӣ: https://www.facebook.com/groups/293617077693162/?ref=share&mibextid=NSMWBT
  3. Хайрхоҳӣ волотарин хислати инсонист! http://hakikati-sugd.tj/index.php/politics/2463-khajrkho-volotarin-khislati-insonist Бойгонӣ шудааст 22 июни 2023  сол.
  4. ҲАДАФ: ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН http://hakikati-sugd.tj/index.php/social/12989-dastgiri-niezmandon-01
  5. Парвиз Ҷабборзода дар шабакаи иҷтимоӣ - Facebook https://www.facebook.com/parviz.jabborzoda