Jump to content

Рӯйдодҳои соли 2014

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тоҷикистон дар соли 2014

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Данғара

19.12.2014. (АМИТ "Ховар") - дар ноҳияи Данғара ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.[1]

Аз рӯи иттилооти расонаи хабарии "Ховар" 13 сентябри соли 2014 маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи МарказӣХитой» дар қаламрави Тоҷикистон шуда гузашт. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» соли 2013 ба имзо расида буд. Лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад. Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди Тоҷикистон се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад. Арзиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.[2]

Чархаи дуюми НБО Сангтӯда-2 ба истифода дода шуд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳасан Рӯҳонӣ дар Тоҷикистон чархаи дуюми НБО Сангтӯда-2 расман ба истифода дода шуд.[3]

  • 20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар. Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалӣ Раҳмон гуфт:"Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад."[6]

Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15 марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.

  • Бо ҳамин қарор нақби «Шар-Шар», ки моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд, «Озодӣ» номгузорӣ шуд.
  • Нақби Озодӣ зери кӯҳи ҳамном дар километри 68 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Мурғоб-Қулма воқеъ аст. Ифтитоҳи нақби мазкур имкон дод, ки вақти сафар аз Душанбе то Кӯлоб 40 дақиқа камтар шавад. Аз ду ҷониби нақб ба масофаи 5 километр роҳҳои даромад ба нақб бунёд шуданд. Ғайр аз ин, дар яке аз роҳҳои сӯи нақб пули дарозиаш 178 метр сохта шуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, ҳукумати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард.
  • Қобили зикр аст, ки қаблан ҳамчунин нақбҳои «Майхӯра» ва «Анзоб» низ тағйири ном карда, феълан «Дӯстӣ» ва «Истиқлол» номида мешаванд. Ин иншоот маркази ҷумҳуриро ба минтақаи шимоли кишвар мепайванданд.[7]
  • 30 январ - имрӯз 10 баҳманмоҳ (30.01.2014) рӯзи ҷашни Сада мебошад. Дар ин рӯз ниёкони мо ба истиқболи гармӣ, барои ҳар чӣ зудтар аз чанголи зимистони қаҳратун берун омадан ва ба гармиҳои баҳор расидан ҳар гуна маросимҳо барпо мекардаанд. Оташафрӯзӣ менамуданд ва базму шодию хурсандиҳо баргузор мекарданд. Тибқи пажуҳишҳо, дар даврони хеле қадим ориёӣҳо бовар доштанд, ки дар ин рӯз эзад Меҳри навтаваллуд пас аз чил рӯз аз ғор ба берун меояд. Яъне чиллаи Меҳр дар ғор сипарӣ мешавад ва миёни мардум мебарояд. Дар тақвими халқии мо имрӯз чиллаи калон анҷом ёфта, чиллаи хурдак оғоз шуд ва он 20 рӯз давом меёбад. Фарорасии чиллаи хурдак бигзор мубораку шодиовар бошад.
  • 16 январ - ширкати мобилии Вавилон-Мобайл дастрасии ройгон ба ҳамаи бахшҳои Википедиаро барои мизоҷонаш эълон кард[8]. Ширкати Вавилон-Мобайл яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон пойгохи муштариёни ширкат зиёда аз 3 000 000-ро ташкил медиҳад[9].
  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия - (Рэнкинг всех 287 википедий на 1 января 2014 r.)[10] 1 январи соли 2014 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ - 25 878-ро дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории Википедия дар ҷойи 89 қарор дошт.
  1. ОҒОЗИ СОХТМОНИ БУЗУРГТАРИН МАҶМААИ КОРГОҲҲОИ НАССОҶӢ ДАР ДАНҒАРА(пайванди дастнорас)
  2. СУХАНРОНИИ Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ СОХТМОНИ ҚИТЪАИ ТОҶИКИСТОНИИ ЛӮЛАИ БАЙНИДАВЛАТИИ ГАЗ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - ХИТОЙ»(пайванди дастнорас)
  3. Чархаи дуюми НБОғи Сангтуда-2 ба истифода дода шуд(пайванди дастнорас)
  4. Таджикская Википедия первого взгляда август 2014/Просмотры страниц в месяц
  5. Таджикская Википедия
  6. Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар - 20.03.2014 http://www.president.tj/node/6377
  7. нусхаи бойгонӣ. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2014.
  8. Babilon-Mobile announces Free Zero Wikipedia Access http://www.babilon-m.com/eng/services/wikipedia/ Бойгонӣ шудааст 11 марти 2016  сол.
  9. «Вавилон-Мобайл» - Оиди ширкат http://www.babilon-m.tj/taj/about/ Бойгонӣ шудааст 18 марти 2016  сол.
  10. Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2014 r.. 30 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 апрели 2019.

}