Гана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ғано)
Ҷумҳурии Ғано
англ. Republic of Ghana
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Freedom and Justice»
Суруди миллӣ: [[Суруди миллии Ғано|«God bless our homeland Ghana
»
]]
Забони расмӣ ингилисӣ
Пойтахт Аккра
Масоҳат 79-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 238 537 км²
Воҳиди пул Седи Гана
Интернет-домен .gh
Рамзи ISO GH
Рамзи КБО GHA
Пешшумораи телефон +233
Минтақаи замонӣ UTC±00:00[d] ва Africa/Accra[d][1]

Ғано (англ. Ghana), Ҷумҳурии Ғано (англ. Republic of Ghana), Гана (то соли 1957 Соҳили Тило) — давлат дар Африқои Ғарбӣ. Дар шимол бо Буркино-Фосу, дар ғарб бо соҳили Оҷ, дар шарқ бо Того ҳамсарҳад аст. Аз ҷануб онро халиҷи Гвинеи уқёнуси Атлас иҳота кардааст. Сарҳадди умумиаш дар хушкӣ – 2049 км. Дарозии хатти соҳилиаш 539 км. Масоҳаташ 238,5 ҳазор км2. Аҳолиаш 25,9 млн нафар (2014). Пойтахташ – шаҳри Окро. (аҳолиаш 4,4 млн нафар, 2014). Ба 10 устони маъмурӣ тақсим мешавад. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (6 март). Воҳиди пул – седи.

Сохти давлатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғано – ҷумҳурии президентӣ. Конститутсия соли 1992 қабул шудааст. Президент – сарвари давлат ва ҳукумат, инчунин Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ. Тариқи овоздиҳии умумӣ ба муҳлати чор сол (на бештар аз ду бор) интихоб мешавад, ҳамзамон бо Президент, ноиби Президент низ интихоб мегардад. Мақоми машваратиро Президент таъйин мекунад. Шӯрои давлатӣ аз 25 нафар иборат аст. Мақоми қонунгузор – парламенти якпалатагӣ (аз 230 намоянда иборат буда, аз тариқи овоздиҳии умумӣ ба муҳлати чор сол интихоб мешавад). Шӯрои вазиронро Президент дар мувофиқа бо парламент таъйин мекунад. Мақоми олии судӣ – Суди олӣ. Ғано узви СММ, Иттиҳоди Африқо, Конференсияи СММ оид ба савдо ва рушд, ЮНЕСКО, иттиҳодияҳои байналмилалӣ (Ҷамъияти умумиҷаҳонии савдо, Интерпол, Хазинаи байналмилалии асъор ва ғайра) ва минтақавӣ (аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Африқои Ғарбӣ) мебошад. Ҷумҳурии Гана истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Харитаи Ғано

Қисми зиёди ҳудуди Ғаноро ҳамвориҳо (баландиашон аз с. б. 150—300 м) ишғол кардаанд. Дар маркази мамлакат пуштакӯҳи Ашанти (баландиаш то 788 м) ҷойгир аст. Аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ ба масофаи 200 км пуштакӯҳи Кваху (баландиаш то 500 м) тӯл кашидааст. Қисми зиёди ҳудуди Ғано аз ҷинсҳои кӯҳии давраи токембрий ташаккул ёфтааст. Дар шимолу ғарб ва ҷануб ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ ва гранитшуда, дар қисми марказӣ ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, дар ноҳияҳои наздисоҳилӣ ҷинсҳои кӯҳии давраи бӯр ва кайнозой ҷойгир шудаанд. Ғано аз сарватҳои табиӣ: бокситҳо, маъдани мангандор, тило (дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубу шарқӣ), алмос, нафт ғанӣ аст.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлимаш — экваторию муссонӣ, дар ҷанубу ғарб — экваторӣ. Ҳавояш, маъмулан, намнок. Ҳарорати миёнаи гармтарин моҳ (март) аз 27 °C дар ҷануб то 32 °C дар шимол, хунуктарин моҳ (август) аз 23 то 26 °C. Моҳи ноябр — декабр аз Саҳрои Кабир тафбоди Ҳарматан мевазад. Боришоти солона дар ҷанубу ғарб то 2000 мм, дар ҷанубу шарқ — 750 мм, дар шимол то 1200 мм. Дарёҳои калонтаринаш — Волта (шохобҳои калонтаринаш ‒ Оти, Афрам), Биа, Тано, Анкобра, Пра. Кӯли калонтаринаш — Босумтви (34 км ҷанубу шарқтари Кумаси). Дар дарё ва кӯлҳои Ғано моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Солҳои 1964-67 дар поёноби дарёи Волта, дар наздикии шаҳри Акасомбо дарғоти НБО сохта шуд. Обанбори Волта яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон буда (дарозиаш 400 км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км, ҳаҷмаш 148 км2, ҷойи амиқтаринаш 91м), барои обёрӣ, киштигардӣ ва моҳигирӣ истифода мешавад.

Наботот[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ғано қариб 4000 намуди наботот мерӯяд. Қисми зиёди ҳудуди мамлакатро дашту бешаҳои сералаф, қисми ҷануб ва ғарбро ҷангалҳои рутубатноки ҳамешасабзи тропикӣ фаро гирифтаанд. Дар минтақаи соҳил буттаю алафзор, дарахти нахл паҳн шудааст. Хокаш, асосан, латеритӣ.

Ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами ҳайвонаташ ғанӣ ва гуногун: ғизол, говмеш, фил, ҷайра, паланг, шер, юз, кафтор. Дар ҷангалҳояш маймун бисёр аст. Дар дарёҳо баҳмут ва тимсоҳ зиндагӣ мекунанд. Дар Ғано қариб 250 навъи ҳайвоноти ширхӯр, 729 навъи парандагон мавҷуданд. Хазандаҳо ва ҳашарот бисёранд. Дар Ғано барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот ду боғи миллӣ (Моле, Дигя) ва 6 мамнуъгоҳ ташкил карда шудаанд. Мушкилоти асосии экологӣ — буридани дарахтони ҷангалҳо (солҳои 2000-05 масоҳати ҷангалҳо 5,8 ҳазор км2 кам шуд), бодлесӣ (эрозия)-и хок, кам шудани шумораи ҳайвонот.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ғано халқҳои ашантӣ, фантӣ, эве, моси, га, адангме, дагомба, лагара, гурма, конкомба, фрафра, биса, личби (беш аз 50 халқият) зиндагонӣ мекунанд. Забони расмӣ – англисӣ, забонҳои бештар паҳншуда – акан, эве, моси, хауса. 69 дарсади аҳолӣ пайрави дини насронӣ (протестанҳо – 43%, католикҳо – 16%), 16% ‒ мусулмонон, 9% – пайрави мазҳабу ойинҳои анъанавии маҳаллӣ мебошанд. Афзоиши солонаи аҳолӣ 1,9% (2013). Таваллуд – 31‰, фавт – 11‰, фавти кӯдакон – 60 нафар ба 1000 навзод. Сабабҳои асосии фавт бемориҳои сироятӣ, дилу рагҳои хунгузар, саратон. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна – 57,5 (мардон – 59, занҳо – 62) сол. Зичии миёнаи аҳолӣ 160 нафар дар 1 км2. Қариб 2/3 аҳолӣ дар қисми ҷанубии мамлакат зиндагӣ мекунад. Аҳолии шаҳрнишин ‒ 50%. 60 дарсади аҳолии қобили кор дар соҳаи кишоварзӣ, 15% дар саноат, 26% дар соҳаи хидматрасонӣ кор мекунад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Нақшаи соли 1729, ки дар он Соҳили тилоӣ ишора шудааст.

Дар ҳудуди имрӯзаи Ғано одамон дар давраи палеолит ва неолит сокин шудаанд. Ташаккули халқиятҳо дар натиҷаи муҳоҷират ба вуҷуд омадааст. Қабилаҳои акан ба ин ҷо аз шимол, аз ноҳияи давлатҳои қадими Судони Ғарбӣ, га ва эве аз шарқ омадаанд. Аҳолии ин ноҳия дар садаи XV дорои хоҷагӣ ва маданияти нисбатан мутараққӣ буда, бо дигар ноҳияҳои дурдасти он робитаи тиҷоратӣ доштанд. Дар ин минтақа чанд давлати хурди феодалӣ вуҷуд дошт. Давлати пурқудрат — Конфедератсияи Ашанти (пойтахташ Кумаси) буд, ки дар садаи XVII бисёр шаҳрдавлатҳоро забт ва муттаҳид намуд. Соли 1482 португалиягиҳо дар соҳил Элмина ном фактория (нуқтаи савдо)-ро ташкил карда, тило ва ғуломонро мебурданд (аз ҳамин сабаб аврупоиён ин мамлакатро «Соҳили тилоӣ» номиданд). Баъдтар ба ин сарзамин ҳолландиҳо, даниягиҳо, шведҳо ва англисҳо омаданд. Британияи Кабир дар ҷанги 7-ум (1896) давлати мутамаркази Ашантиро шикаст дода, Ғано-ро комилан ба итоати худ даровард. Дар рафти муборизаи миллӣ-озодихоҳии халқҳои Ғано Ҳизби халқии конвент (1949) ба вуҷуд омад. 6 марти 1957 кишвар бо сардории К. Нкрума ҳуқуқи доминион пайдо кард ва Ғано ном гирифт. 1 июли 1960 Ғано ҷумҳурӣ эълон шуд. Пешвои ҳизби халқии конвент К. Нкрума Президенти мамлакат интихоб шуд. Ҳукумат дастгоҳи давлатӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳро аз ҳисоби аҳолии бумӣ — африқоиҳо пур кард. Нақшаи 7-солаи тараққиёт (1963-70) навсозии босуръати иқтисоди Ғано: электриконӣ ва индустрикунонӣ, рушди кишоварзӣ, инкишофи соҳаҳои хизматрасониро пешбинӣ мекард. Пас аз сар задани душвориҳои ҷиддии молиявию иқтисодӣ дар мамлакат, 24 феврали 1966 низомиёни кишвар даст ба табаддулоти давлатӣ зада, ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Шӯрои миллии озодкунӣ (ШМО) парламентро пароканда намуда, фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро дар мамлакат манъ намуд. Тарафдорони К. Нкрума таъқиб гардида, нақшаи 7-сола бекор карда шуд. Мақсади сиёсии ШМО маҳдуд намудани сектори ҷамъиятии истеҳсолот, роҳи «васеъ кушодан» ба капитали хориҷӣ ва қатъ кардани муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои сотсиалистӣ буд. Шикасти сиёсии ШМО, сар задани ҷудоӣ дар байни Қувваҳои Мусаллаҳ хунтаро маҷбур кард, ки ҳокимиятро ба ихтиёри Ҳукумати Ҳизби тараққихоҳ бо сардории К. Бусиа диҳад, аммо ин ҳукумат дар асл сиёсати ШМО-ро давом дод. 13 январи 1972 як гурӯҳ афсарони қувваҳои мусаллаҳ бо сардории полковник И. Аҷампонг ҳокимиятро ба даст гирифта, Шӯрои наҷоти миллат (ШНМ)-ро ташкил доданд. Самтҳои асосии сиёсати иқтисодии ШНМ бо нақшаҳои плани 7-сола мувофиқ меомаданд. Муносибатҳои Ғано бо мамлакатҳои сотсиалистӣ беҳтар шуд. Мушкилоти иқтисодӣ, ноуҳдабароии роҳбарони ШНМ ва авҷи фасод дар соли 1979 боиси табаддулоти нав гардид. Соли 1979 конститутсияи нав қабул карда шуд. Ҳукумати ташкилкардаи Президент Ҳ. Лиманн низ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти иқтисодии мамлакат, аз байн бурдани фасод ва боло бурдани сатҳи зиндагии оммаи заҳматкашон набаромад. Охири соли 1981 ҳокимиятро боз Ҷ. Ролингс ба даст оварда, конститутсияро бекор ва фаъолияти ҳамаи ҳизбҳоро манъ кард. Ҳукумат бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба чорабиниҳои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ даст зад. Соли 1992 ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода, интихоботи парламент ва Президент баргузор шуд ва конститутсияи нав қабул гардид. Намояндаи Ҳизби конгресси демократии миллӣ Ҷ. Ролингс Президент интихоб гардид. Ӯ соли 1996 аз нав Президент интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2000 Ҷ. Куфуор (аз Ҳизби нави тараққихоҳ) ғалаба кард. Соли 2004 Ҷ. Куфуор бори дуввум Президент интихоб шуд. Дар интихоботи декабри 2008 намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ Ҷон Атта Президенти Ғано интихоб гардид. Аз 25 июли 2012 Президенти Ғано — Ҷон Драмани Маҳама.

Ҳизбҳои сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳизби нави тараққихоҳ, Ҳизби демократии миллӣ, Ҳизби халқии конвент ва ғ.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғано мамлакати аграрӣ буда, саноати кӯҳкории тараққикарда дорад. Асоси иқтисодиётро парвариш ва коркарди какао (барои содирот), инчунин истихроҷ ва содироти тило, маъданҳои мангандор, бокситҳо, алмос ташкил медиҳад. ММД– 8,9 млрд доллари амрикоӣ, ки дар сохтори он 25%-ро саноат, 38%-ро кишоварзӣ, 37%-ро соҳаи хидматрасонӣ ташкил медиҳанд. Аз соли 1983 сиёсати маҳдуд кардани дахолати давлат дар ҳаёти иқтисодӣ пеш гирифта шудааст (аз 350 корхонаи давлатӣ 2/3 ҳиссааш хусусӣ гардонда шудаанд). Давлат истифодаи захираҳои моддиро назорат мекунад. Дар саноат соҳаи кӯҳкорӣ нақши асосӣ дорад. Суръати афзоиши солонаи истеҳсолоти саноатӣ – 3,8%. Дар мамлакат 5,74 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол мешавад. Иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ 1444 мВт буда, 81,6%-ро НБО, 18,4%-ро неругоҳҳои барқии аловӣ (ТЭС) истеҳсол мекунанд. Неругоҳҳои барқи обии калонтарин – Акосомбо (иқтидораш 912 мВт), Кпонг (160 мВт). Бузургтарин ТЭС–Такоради (220 мВт). Аз ҷанубу ғарби Ғано тило (вилоятҳои Ашанти ва Бронг-Ахафо) ва боксит, аз қисми ҷанубӣ (ҳавзаи дарёи Бирим) алмос ва маъдани манган мегиранд. Саноати истеҳсоли чӯб ривоҷ дорад. Марказҳои асосии саноат: Тема (заводи алюминий, комбинати хӯрокворӣ ва какао, заводҳои софкории нафт, пӯлодгудозӣ, таъмири киштиҳо ва ғайра), Аккра (корхонаҳои саноати кимиё, бофандагӣ, хӯрокворӣ, коркарди филиззот ва ғайра), Таркве (заводҳои софкории тило, истеҳсоли резинаи техникӣ. Дар ноҳияи Такоради заводҳои чӯбу тахта, какао ва семент ҷой гирифтаанд.

Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти Ғано буда, дар он рустанипарварӣ афзалият дорад. Зироати асосӣ какао (аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти какао дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад). Барои содирот инчунин чормағзи кола, банан, қаҳва, копра, барои истеъмоли дохилӣ – чой, ҷуворӣ, сабзавот, найшакар мепарваранд. Чорводорӣ дар ноҳияҳои шимолӣ тараққӣ кардааст. Моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст.

Нақлиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Тӯли р. о. – 977 км, роҳҳои автомобилгард – 48 ҳазор км. 12 фурудгоҳ дорад. Фурудгоҳи байналмилалӣ дар Аккра. Дарёи асосии киштигард – Волта. Дарёҳои дигари киштигард – Анкобра, Тано. Бандарҳои бузург – Тема ва Такоради. Дарозии лӯлаҳои интиқоли нафт – 329 км. Ғано ба хориҷа асосан какао ва маҳсулоти он, хӯрокворӣ, моҳӣ, тило, алмос, маъдани манган, чӯбу тахта бароварда, аз хориҷ мошин ва таҷҳизоти нақлиёт, орд, биринҷ, равғани рустанӣ, сӯзишворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, молҳои нимтайёр ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратӣ – давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо (асосан Нидерландия, Британияи Кабир, Фаронса), давлатҳои Африқои Ҷанубӣ, ИМА, Хитой ва Ҳиндустон. Дар Ғано сайёҳӣ рушд кардааст. Марказҳои сайёҳӣ – Аккра, Кумаси, Кейп-Кост, қалъа ва қасрҳои қадимии давраи ғуломфурӯшӣ дар соҳили уқёнуси Атлантик, боғҳои миллии Какум ва Мале.

Соҳаи тандурустӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ғано хатари бемориҳои сироятӣ (вабо, вараҷа, бемориҳои рӯдаву меъда, сил, гелминтоз, махав) зиёд аст. 1,9%-и аҳолӣ гирифтори бемории ВИЧ мебошад, ҳар сол аз ин беморӣ то 30 ҳазор нафар мефавтад. Дар Ғано 300 муассисаи табобатӣ мавҷуд аст. Ба 100 ҳазор аҳолӣ 20 духтур, 58 хоҳари шафқат ва 150 кат рост меояд. Хароҷоти ММД барои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 5,5%-ро ташкил медиҳад.

Варзиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Кумитаи миллии олимпии Ғано соли 1952 таъсис ёфтааст. Варзишгарони Ғано аз ҳамин сол дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Бештар муштзанӣ (бокс), футбол ва варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, дав) инкишоф ёфтааст. Дастаи мунтахаби футболи Ғано солҳои 1963, 1965, 1978, 1982 ғолиби мусобиқаҳои Ҷоми Африқо, соли 1992 соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ гардида, соли 2006 ба қисми ниҳоии (1/8 финал) чемпионати ҷаҳон баромад. Дар Ғано шиноварӣ, теннис, бадминтон ва дигар навъҳои варзиш низ рушд кардааст.

Маориф ва илм[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ғано сатҳи саводнокии аҳолии аз 15-сола боло 74,8%-ро ташкил медиҳад. Ба масъалаҳои мактабҳои миёна ва олӣ Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиш машғул аст. Мувофиқи конститусия маълумоти асосии ҳатмии ройгон (9 сол) ҷорӣ карда шудааст. Соҳаи маориф таълими ибтидоии 6-сола (аз синни 6-солагӣ), асосӣ (3-сола) ва миёнаи умумӣ (3-сола)-ро дар бар мегирад. Мактабҳо асосан давлатианд, мактабҳои хусусӣ низ вуҷуд доранд. Маълумоти олиро донишгоҳҳо (5 давлатӣ ва 9 хусусӣ), институтҳои давлатии политехникӣ (11), колеҷҳои педагогӣ ва тиббӣ медиҳанд. Калонтарин донишгоҳҳои давлатӣ: Донишгоҳи Гана дар Легон, Донишгоҳи ба номи Нкрума дар Кумаси. Таълим ба забони англисӣ сурат мегирад. Дар Ғано Академияи санъат ва илм (дар Аккра), қариб 100 муасисаи таҳқиқоти илмӣ фаъолият доранд.

Адабиёти Ғано[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт дар Ғано асосан ба забони англисӣ инкишоф меёбад. Адабиёти миллӣ аз садаи XIX ташаккул ёфтааст (таълифоти публитсистии Ҷ. Менс, Сарби, Ҷ. Э. Кейсли-Хейфорд дар соҳаи ҳуқуқ). Асарҳои бадеӣ бештар дар асоси анъанаҳои фолклорӣ эҷод шудаанд. Наср дар ибтидои садаи XX, жанри роман дар нимаи 2-юми садаи XX инкишоф ёфт. Адибони маъруфи Ғано: Ҷ. Абруква, Ғано Адали-Мортти, Б. Амоаки, П. Аппиа, А. Арма, Р. Аматту, Б. Блей, Я. Боатенга, К. Брю, М. Дей-Ананга, А. Ҷолето, Э. Ҷоневи, У. Кана, С. Конаду, Э. Миксон, Т. Обенга, Ҷ. Окая, Д. Офори, Ф. Паркес, Э. Сазерленд ва дигарон.

Осорхонаҳо ва китобхонаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ғано осорхонаи миллӣ дар Аккра, Осорхонаи таърихии Африқои Ғарбӣ дар Кейп-Косте, Осорхонаи санъати ашанти дар Кумаси, Китобхонаи марказӣ дар Аккра фаъолият доранд.

Расонаҳо

Дар Ғано ба забони англисӣ газетаҳои давлатӣ – рӯзномаҳои «The Ghanian Times» ва «Daily Graphic», ҳафтаворҳои «The Mirror» ва «Standard» ва рӯзномаҳои хусусӣ нашр мешаванд. Агентии давлатии иттилоотии Ghana News Agency мавҷуд аст. Барномаҳои радио аз соли 1935 ва телевизион аз соли 1965 мунтазам пахш мегарданд. Ба Ширкати давлатии телевизион ва радио якчанд пойгоҳи радиошунавонӣ ва шабакаҳои миллии телевизионӣ тааллуқ доранд. Ширкатҳои телевизионӣ, радиои хусусӣ амал мекунанд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • История Ганы в новое и новейшие время. М., 1985;
  • Савицкий Ю. В. Гана сегодня. М., 1988; Гана: Справочник. М., 2001.
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]