Деҳоти Росровут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷамоати Росровут)
Маҳалли аҳолинишин
Росровут
Росровут
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия Деваштич
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ (2013) 14049 тан
Номи қавмӣ ғончигӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ҷамоати Росровут — ҷамоатест дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон. Санаи ташкилёбӣ — 25 декабри соли 1930. Масоҳат — 17414 га. Аҳолӣ дар таърихи 1.01.2013 — 14049 нафар. Миллатҳо: тоҷикон — 12484 нафар, узбекон — 1565 нафар.

Сохтори маъмурию ҳудудии Ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати деҳоти Росровут аз 6 деҳа иборат аст. |Хишекат, Росровут. Даҳкат, Офтобру,Бобучак.

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатҳи паҳни ноҳамвори теғадорИ Туркистон аз шимол ба ҷануб аз 500 метр то 4743 метр тадриҷан баланд шуда маркази Ҷамоат дар баландии 1050 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Иқлими мавзеъ субтропикии хушк буда, ҳаҷми боришотӣ аз 500 то 700 мм буда ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳҳои июн-июл 30-35 С, дар кӯҳҳо 12-15 С, дар моҳи январ −2-6 ва дар кӯҳҳо −12-15 С хушк мебошад.Ҷамоат аз захираҳои табии масолеҳи бинокорӣ (гил, хок, сангҳои таҳкурсӣ, сангҳои барои истеҳсоли оҳак) санги мармар бой мебошад. Хокҳои Ҷамоат асосан хоки хокистарранги тира, зардхок, шағалхок, инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. Хоки минтақаи бешазори арча ва доманаи кӯҳсор қаҳваранг ё худ доминаранг буда, поёнтар ба гашти дашт он ба тирахаки кушод ва зардхок таҷлил меёбад. Дар ҳамвории доманакӯҳҳо дар баландиҳои (1000—1900 метр) набототи биёбонию нимбиёбони эфемирҳо, шибоғ, шутурхор, ҷӯробак, кавар, ковук ва ғайра, дар куххо дар баландиҳои зиёда аз 1100—1900 дар биёбони дамои хӯшадорҳо, лубиёҳо, гулҳо, буттаҳои зирк, настаранг, бодомӣ, бодоми талхак ва ғайраҳо мерӯянд. Дар водиҳои ноҳия бошад зироатҳои маданӣ, гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка, нахуд, лаблабу, шалғам, турб, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, харбуза, каду, ангуру тут, себ, нок, шафтолу, зардолу,гелос парвариш меёбанд. Олами ҳайвонотро юрмон, харгӯш, рӯбоҳ, гург, хуки ваҳшӣ, ҷайра, хирси мала, оҳу, бузҳои ёбоӣ; паррандаҳо: кабк, мурғи ҳилол, мастка, зоғ, уқоб, бургут, мусича, гунҷишк, фароштурук, акка, кабӯтари ёбоӣ, бедона, булбул; Моҳиҳо: ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонағафс-хазандаҳоро мор, калтакалос, сусмор, каждум, калпеса намояндагӣ мекунанд[1]

Деҳоти ҷамоат[вироиш | вироиши манбаъ]

'Деҳаҳои Ҷамоати Росровут
Деҳа Аҳолӣ
Хишекат
Росровут
Даҳкат
Офтобру
Бобучак[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]