Забони арабӣ
Забони арабӣ (арабӣ: اللغة العربية — "ал-луғату л-ъарабия", ё عربي — "ъарабӣ") — аз оилаи забонҳои Ҳомӣ-Сомӣ ва ба гурӯҳи Сомӣ мансуб аст. Бо забони арабӣ дар нимҷазираи Араб, Ховари Миёна ва Мағриб, шимоли Африқо ҳарф мезананд. Ба забони арабӣ навишта шудани Қуръон, забони арабӣ дар дини Ислом ҷои махсусеро дорад. Дар забони арабӣ 28 ҳарф вуҷуд дорад. Аз ин 17-тоаш шакли тамро дорад. Навиштан ва хондани хат дар асоси алифбои арабӣ аз тарафи рост ба тарафи чап мебошад. Забони арабӣ ба шохаи забонҳои сомиву ҳомии оилаи забонҳои афроосиёӣ дохил мешавад.
Маълумоти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони кунунии арабӣ ба 5 шева ҷудо мешавад: машриқӣ, ироқии арабӣ, марказиарабистонӣ, мисриву-суданӣ, шимолиафриқоӣ (мағрибӣ). Забони адабӣ барои ҳама ягона аст.
Баъзе шеваҳои забони арабӣ аз ҳамдигар он қадар фарқ мекунанд, ки намояндагони онҳо ҳамдигарро қариб намефаҳманд. Филмҳо, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар ВАО дар ҳамаи кишварҳои арабзабон бо забони адабианд.
Забони арабӣ забонест, ки миқдори зиёди шеваву лаҳҷаҳоро дар давоми ҳазору панҷсад соли охир дар атрофи худ ҷамъ намудааст. Дини Ислом ва пеш аз ҳама Қуръон сабаби муттаҳидшавии ин шеваву лаҳҷаҳо гардидааст. Бо забони арабӣ бештар аз 250 млн. одамон ҳарф мезананд (соли 2000).
Хат дар асоси алифбои арабӣ. Забони расмӣ ва кории Ассамблеяи Генералии Маҷмаи Умумии СММ ва дигар мақомоти СММ. Забони давлатии ҳамаи мамолики арабзабон, Сомалия, Ҷибути.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони арабӣ дар нимҷазираи Арабистон дар шакли забони фасеҳи шоирона ҳанӯз то ислом вуҷуд дошт. Забони Қуръон низ ба ин забон наздик аст. Дар давоми қарнҳо забон пайваста дар таҳаввулот буд, вале дар навишт ин он қадар аён намешуд, чунки дар навишт ҳарфҳои кӯтоҳи садонокро наменавиштанд.
Китобу рӯзномаҳо дар ҳама ҷо бо ин забон нашр мешаванд (ба истиснои Тунис, Марокаш ва Алҷазоир, ки дар қатори забони арабӣ, забони фаронсавӣ низ дар истифода аст). Дар соҳаи илм ва техника дар дигар мамолики арабзабон бошад, ҳангоми норасоии захираи луғавӣ забони англисӣ истифода мешавад.
Забони арабӣ забонест зебо, ширин, форам, гӯшнавоз ва таъсирбахш, зеро ки бо ин забон Қуръон офарида шудааст
Хат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони арабӣ аз рост ба чап менависанд. ҳарфҳои калону хурд надорад.
Талаффуз
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аксари мамолики араб ҳоло кӯшиш мекунанд, ки талаффузашон ба забони тиловати Қуръон наздик бошад. Чӣ гуна будани талаффузи калимаҳо дар забони қадимаи арабӣ то ҳол мавриди баҳсҳо қарор дорад.
Захираи луғавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аксари калимаҳои арабӣ аз решаҳои ҳамсадо иборатанд, ки бо дигаршавии садонокҳояшон калимоти гуногунро ташкил медиҳанд. Масалан, аз ҳамсадоҳои «К-Т-Б» чунин калимаҳо сохта шудаанд:
- KaTaБa : навишт
- яКTуБу : менависад
- KиTaaБ : китоб
- KуTуБ : китобҳо
- KaaTиб : нависанда
- KuTTaaБ : нависандагон
- KaTaБaҳ : нависандагон (шакли дигараш)
- мaKTaБaҳ : китобхона
Дар забони арабӣ миқдори зиёди калимаҳои иқтибосӣ истифода мешаванд, ки аз забонҳои оромӣ, юнонӣ, форсӣ, англисӣ гирифта шудаанд. Аз тарафи дигар, калимаҳои забони арабӣ дар дигар забонҳо, аз қабили форсӣ, туркӣ, испанӣ бисёр иқтибос шудаанд. Масалан, тақрибан 10% калимаҳои испанӣ арабиасланд. Забони арабӣ аз ҷиҳати таркиби луғавӣ дар ҷаҳон яке аз чойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Ин ҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи яке аз забонҳои ҷаҳон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ScriptSource - Egypt
- ↑ ScriptSource - Algeria
- ↑ ScriptSource - Sudan
- ↑ ScriptSource - Iraq
- ↑ ScriptSource - Morocco
- ↑ ScriptSource - Saudi Arabia
- ↑ ScriptSource - Yemen
- ↑ ScriptSource - Syria
- ↑ ScriptSource - Tunisia
- ↑ ScriptSource - Somalia
- ↑ ScriptSource - Chad
- ↑ ScriptSource - United Arab Emirates
- ↑ ScriptSource - Jordan
- ↑ ScriptSource - Eritrea
- ↑ ScriptSource - Libya
- ↑ ScriptSource - Lebanon
- ↑ ScriptSource - Palestine
- ↑ ScriptSource - Oman
- ↑ ScriptSource - Mauritania
- ↑ ScriptSource - Kuwait
- ↑ ScriptSource - Qatar
- ↑ ScriptSource - Bahrain
- ↑ ScriptSource - Djibouti
- ↑ ScriptSource - Comoros
- ↑ ScriptSource - Israel
- ↑ ScriptSource - South Sudan
- ↑ ScriptSource - Mali
- ↑ ScriptSource - Niger
- ↑ ScriptSource - Iran
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Ethnologue (ингл.) — 25, 19 — Dallas, Texas: SIL International, 1951. — ISSN 1946-9675
- ↑ Красная книга языков ЮНЕСКО
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Забонҳо ва шеваҳо аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи забонҳо
- Забони арабӣ
- Забонҳо
- Звбонҳои семитӣ
- Забонҳои Алҷазоир
- Забонҳои Гибралтар
- Забонҳои Миср
- Забонҳои Ҷибутӣ
- Забонҳои Урдун
- Забонҳои Ироқ
- Забонҳои Яман
- Забонҳои Қатар
- Забонҳои Кувайт
- Забонҳои Лубнон
- Забонҳои Либия
- Забонҳои Мавритания
- Забонҳои Марокаш
- Забонҳои Арабистони Саудӣ
- Забонҳои Имороти Муттаҳидаи Араб
- Забонҳои Уммон
- Забонҳои Сурия
- Забонҳои Сомалӣ
- Забонҳои Судон
- Забонҳои Чад
- Забонҳои Тунис
- Забонҳои Умон