Jump to content

Айёми ташриқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Айёми ташриқ (ар. أيام التشريق‎ — рӯзҳои офтоб додан ва дар офтоб хушк намудани гӯштҳои қурбонӣ) — серӯзи пас аз ид – ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми моҳи зулҳиҷҷа ҳастанд.

Дар розгори қадим мардуми Макка ва атрофи он ва ҳамин тавр ҳоҷиёни сарзаминҳои дигар, ки дар мавсими ҳаҷ ба он ҷо меомаданд, ба сабани набудани сардхонаҳо, тариқаи нигаҳдории гӯшт дар қутиҳо – консевакунӣ ва дигар васоили ҳифзи гӯштҳои қурбонӣ ба муддатҳои зиёд ба офтоб додан ва хук намудани гӯштҳои қурбонӣ дар айёми ташриқ ва захира кардани онҳо барои оянда мепардохтанд. Он яке аз василаҳои нигаҳдории гӯшт дар он рӯзгор ба шумор мерафт.

Дар ййёми ташриқ ҳамчунин такбири ташриқ гуфта мешавад, ки он назди бузургони ҳанафӣ, ҳанбалӣ ва дар қавле аз шофеъӣ пас аз фарзи намози бомдоди рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа – рӯзи Арафа шурӯъ ва баъд аз намози асри рӯзи сездаҳум ба поён мерасад ва 23 вақт намозро дар бар мегирад, назди моликиён ва шофеъиён бошад, паз аз зубри рӯзи ид шурӯъ ва пас аз асри рӯзи сездаҳум ба поён мерасад ва 17 вақт намозро дар бар мегирад