Андиҷон
Шаҳр | |
ӯзбекӣ: Andijon, Андижон | |
40°46′ с. ш. 72°21′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Ӯзбекистон |
Вилоят | Андиҷон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аввалин номбарӣ | асри IX |
Масоҳат | 74[1] км² |
Баландии марказ | 500 м ва 494 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Номи қавмӣ | андиҷонӣ, андиҷониҳо |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | 170100 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Андиҷон (ӯзбекӣ: Andijon, Андижон) — шаҳр дар Ӯзбекистон, маркази маъмурии вилояти Андиҷон. Дар қисми ҷанубу шарқии водии Фарғона ҷойгир аст.
Аҳолиаш 369 ҳазор нафар (2009). Роҳи оҳан ва аэропорт дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар садаи IX бо номи Андукон ва дар садаи XV бо номи Андигон шуҳрат дошт. Дар садаи XV пойтахти давлати феодалӣ, дар садаи XIX маркази хонии Хӯқанд буд. 9 январи 1876 ба ҳайати Империяи Русия гузашт. Дар садаи XV бинобар дар роҳи корвонгарди абрешим воқеъ буданаш, ба маркази тиҷорат ва ҳунармандии водии Фарғона табдил ёфт. Аввали садаи XX яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва савдою саноат гардид. Соли 1902 аз заминҷунбӣ хароб гардид ва 4000 нафар одамон фавтиданд. Дар Андиҷон то имрӯз анъанаи ҳунарҳои мардумӣ ба мисли зардӯзӣ, кашидадӯзӣ ва қолинбофӣ нигоҳ дошта шудааст.
Даврони шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давраи ИҶШС, Андиҷон аз замини таърихии худ ҷудо карда шуда буд ва ҳозира сарҳад соҳа шуд, ки Водии Фарғонаро ба се ҷумҳуриҳои Шуравӣ тақсим кард. Андиҷон ба қисми ҶШС Ӯзбекистон дохил шуд. Дар давраи Шӯрави сарҳд роли муҳимро намебозид.
Даврони истиқлол
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1990, Андиҷон ва гирду атрофи он нотинҷ шуд. Қашшоқӣ ва аз сабаи шӯриши фундаментализми Исломӣ дари ба ин макон нотинҷи овард ва моҳи апрели соли 1990 ба хонаҳои Яҳудиён ва арманиҳо ҳамла карда шуданд. Шаҳр, ва умуман вилоят баъд аз пош хурдани шӯравӣ дар соли 1991 ба харобиҳо ва қашшоқи табдил ёфт. Маҳкам кардани сарҳад ба иқтисодиёти маҳалӣ ба алакай қашшоқони ин шаҳр зиёни калон овард. Моҳи майи соли 2003, марде бо номи Азизбек Каримовро аз сабаи нигоҳ доштани аслиҳаҳо барои террор аз тарафи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон зиндонӣ карда шуд. Вайро моҳи апрели 2004 ба қатл расониданд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Андиҷон яке аз калонтарин маркази ҷамъоварӣ ва коркарди пахта аст. Заводҳои мошинсозӣ, биохимия, коркарди пахта, консервабарорӣ, истеҳсоли равған; фабрикаҳои нассоҷӣ, пойафзор, корхонаҳои саноати маҳаллӣ дорад. Дар давраи истиқлол дар Андиҷон 5 корхона оид ба тайёр кардани қисмҳои эҳтиётӣ барои заводи автомобилбарории «ӮзДЭУавто» сохта ба истифода дода шуд. Дар атрофи Андиҷон конҳои нефту газ мавҷуданд.
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Андиҷон яке аз марказҳои бузурги нақлиётии водии Фарғона ба ҳисоб рафта, дар мобайни панҷ вилоят қарор дорад; ду истгоҳи роҳи оҳан, аэропорт, инчунин автовокзали бузург дорад, ки аз он ба зиёда аз 200 хатсайр нақлиёт ҳамарӯза дар ҳаракат аст (аз ҷумла ба Иркутск, Саратов, Самара ва ғайра). Дар шаҳр наздики 60 корхонаи муштарак (бо ИМА, Хитой, Корея, Италия, Русия ва ғайра) фаъолият доранд.
Маориф ва фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Андиҷон дорои 5 мактаби олӣ, аз ҷумла донишгоҳ, донишкадаҳои омӯзгорӣ, забонҳо ва тиб, Театри вилоятии драма ва мазҳакаи ба номи Охунбобоев, Театри лӯхтак, Театри ҷавонон, Музейи маданият ва таърихӣ-кишваршиносӣ, боғҳои истироҳат, мактабҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо аст. Дар Андиҷон пойгоҳҳои телевизион ва радио амал мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ АНДИЖОН ШАҲАР ҲАҚИДА
- ↑ Новые автомобильные номера Узбекистана. Справочник Узбекистана — Золотые Страницы. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андиҷон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сояи тираи дуди Андиҷон Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- Ҷавонони Ӯзбекистон ва ҳодисаҳои Андиҷон Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.