Ваҳдати шуҳуд
Ваҳдати шуҳуд (ар. وحدة الشهود — ваҳдати биниш ва шоҳид будан ба он) — дар тасаввуф яке аз дараҷаҳои маърифат, ки аз ҷиҳати ҳастишиносӣ ягонагии олами лоҳут ва инсон (олами носут)-ро баён мекунад.
Мувофиқи ақида дар бораи ваҳдати шуҳуд Худои таъоло худро дар мавҷудоти олам мушоҳада мекунад ва инсон дар дили худ ва ашёи олам шоҳиди таҷаллии илоҳӣ мешавад. Мувофиқи ақидаи муҳаққиқон, пайравони Мансури Ҳаллоҷро ба номи ваҳдатишуҳудӣ медонистанд, вале ақидаи ваҳдати шуҳуд дар муқобили ваҳдати вуҷуд ташаккул ёфта, аз тарафи Алоуддавлаи Симнонӣ ба низом дароварда, баъдтар аз тарафи Аҳмади Сарҳиндӣ ривоҷ дода шуд. Аслан, таълимоти ваҳдати шуҳудро Симнонӣ ва Сарҳиндӣ аз тарафи мавқеъи исломӣ бар зидди ваҳдати вуҷуд равона кардаанд. Агар дар таълимоти ваҳдати вуҷуди Ибни Арабӣ ҳулули инсон ба Ҳақиқат (Худованд) имконпазир дониста шавад, Симнонӣ ва Сарҳиндӣ иддио доранд, ки инсон ба касби сифатҳои Худованд ҳузури Ҳақро эҳсос мекунад, вале ҳулул имкон надорад ва касоне, ки ҷонибдори ҳулуланд, ба куфр меафтанд, ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, Сарҳандӣ баътар ба ақидаи ваҳдати вуҷуди Ибни Арабӣ майл карда, онро эътироф кард.
Ваҳдату шуҳуд, ваҳдати вуҷуд ва мазҳаби ҳулул, инҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, масалан: "Ба ғайр аз Аллоҳ ҳеч чизро намебинам", ин ваҳдати шуҳуд аст, "Ман ҳеч чизро намебинад, магар дар он Аллоҳро мебинам" ҳардуи ин мазҳаб нестанд, инҳоро машраб номида мешавад. Мазҳаби ҳулул бошад, асосгузораш Мансури Ҳаллоҷ аст, ӯ мегӯяд ки Ҳаша, одам як ҷузъи Худо буд вақте ки дар ҷаннат гуноҳ кард (аҳли суннат мегӯяд ки одам бо як хатои маълум аз ҷаннат ба замин интиқол шуд, ки ҳикматаш барои имтиҳон аст) аз ҷаннат ронда шуд, ва одам бо сайру сулук ба гузаштани мартабаҳо, аз шариат ба тариқат аз тариқат ба маърифат аз маърифат ба ҳақиқат ва дар ниҳоят боз бар гашта ки ба қавли Ҳаллоҷ одам як порчаи Худо буд, бо Худованд якҷо шуд, мегӯяд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳазартқулов М. Тасаввуф. Д. 1982;
- Муҳаммадхоҷаев А. Идеология Накшбандизма. Д. 1991;
- Олимов К. Хорасанский суфизм. Д. 1993.