Ваҳдат (деҳа, н. Турсунзода)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ваҳдат

Қизилйӯл
Кишвар Тоҷикистон
Минтақа НТМ
Ноҳия Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1686 нафар (2013)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонон
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992
Коди мошин TJ08

Ваҳдат (то 14 декабри 2012 Қизилйӯл) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Турсунзода.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз деҳа то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1686 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб, осиёби хусусии ордкашӣ, сартарошхона, чойхона, 2 ошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақтаи замонавии бо услуби меъмории миллӣ сохташуда дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Ширкент обёрӣ мешаванд[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ЭМТ, Ҷ. 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: СИЭМТ, 2014, — с. 556