Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зиёраттут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зиёраттут
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1782 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Зиёраттутдеҳа дар ҷамоати де­ҳо­ти На­вободи ш. Турсунзода. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 6 км, то маркази ш. Турсунзода 5 км; роҳ қисман асфалт­пӯш. Аҳо­лиаш 1803 нафар (январи 2017). Деҳа муассисаи таҳ­силоти умумии иб­ти­доӣ, чойхона, обҷувози равғанкашӣ, осиёбӣ барқӣ ва 2 нуқтаи савдои ху­су­сӣ дорад. Талабагон таҳ­силро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Сангқалъа идома медиҳанд. Соҳа­ҳои асо­сии хо­ҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғал­ла­корӣ ва чорводорӣ. За­минҳо аз д. Шир­кент обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагиҳои деҳқо­нии «Зиёраттут», «Азизбек–2007», «Рус­там–98» ва 23 хо­ҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.