Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркамар (деҳа, н. Турсунзода)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркамар
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти Ҷӯра Раҳмонов
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2627 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Заркамардеҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 4 км, то маркази ш. Турсунзода 9 км. Аҳолиаш 2627 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, ошхона, нуқтаи таъмири автомашинаҳои сабукрав, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 7 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри Ҳисор аз руди Қаротоғ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 39 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.