Гулистон (деҳа, н. Турсунзода)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Турсунзода |
| Ҷамоат | Деҳоти Турсун Тӯйчиев |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 563 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3130 |
| Нишонаи почта | 737450 |
Гулистон (то 14.12.12 Чапаев) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиеви ноҳияи Турсунзода. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 563 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулистон нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди ҷомеъ, 2 устохонаи таъмири автомобил, осиёби хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Саркор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Қаратоғ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 6 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Деҳа солҳои 1988–1989 барои аҳолии минтақаи атрофи заводи алюминий дар ҷои бехавф бунёд гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2