Боқӣ Раҳимзода (деҳа, н. Турсунзода)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Турсунзода |
Ҷамоат | Деҳоти Қаратоғ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1136 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3130 |
Нишонаи почта | 737450 |
Боқӣ Раҳимзода (то 14.12.12 Ҷайратеппа)— деҳа дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Турсунзода. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1382 нафар (2013), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Имоми Аъзам (собиқ Қӯшбулоқ) идома медиҳанд. Деҳа ду нуқтаи хидматрасонии маишӣ, 15 хоҷагии деҳқонии хурд (фермерӣ) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, зироаткорӣ. Заминҳо аз д. Қаратоғ ба воситаи наҳри Ямчӣ обёрӣ мешаванд.
Таърих ва мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1951 бо мақсади корам кардани заминҳои бикру боиру туғайзор ва васеъ намудани майдонҳои кишти пахтаи Тоҷикистон дар марзи маъмурии ҷамоати деҳоти Қаратоғ, муҳоҷирони минтақаи Ғарм (имрӯза Рашт) бунёд кардаанд. То замони бунёдшавии деҳа мавзеъи иборат аз ҷару теппа буда, Ҷайратеппа ном дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқӣ Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2