Фарқият байни намунаҳои "Омударё"

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
|Номи тоҷикӣ=Омударё<br />Оmudaryo
|Акс=Aral map.png
|caption=Ҳавзаи Омударё
|Сарчашма=[[Панҷ (рӯд)|Панҷ]], [[Вахш]]
|Резишгоҳ=[[ДарёиБаҳри Арал|дарёи Арал]]
|Кишварҳои обгир=[[Тоҷикистон]], [[Афғонистон]], [[Туркманистон]] ва [[Ӯзбакистон]]
|Дарозӣ=1415 км
Омударё дар «[[Авесто]]» «'''vanhuyā daityayā'''» хонда шуда ва «'''daityayā'''» баргирифта аз «'''dātya'''» дар эронии бостон (имрӯз «'''дод'''» гӯем ба маънии «'''адл'''») ва баргардонаш «'''бар пояи доду адл'''» аст. «'''vanhuyā'''» лақабест сифатгуна ва имрӯз «'''беҳ'''» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «'''airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā'''» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «'''Эронвеҷ веҳ дод рӯд'''» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро '''Веҳрӯд''' (Беҳрӯд) гуфтанд.
 
Аммо Ому бархоста аз номи амардҳо – бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас Омуй гашт: порсии бостон «Amard» => [[порсии миёна]] «Amol» => [[Забони Форсӣ|порсии нав]] «آموی» (бар асари қоъидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ «θard» => [[Порсии миёна|ПМ]] «sāl» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «сол»; ПБ *baudah- => [[Порсии миёна|ПМ]] «bōy» => [[Забони Форсӣ|ПН]] «бӯй»).
 
Омуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи [[Марв]] ба [[Бухоро]] буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.

Менюи гаштан