Гузари Бод
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Рарз |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 906 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3479 |
|
Гузари Бод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ. Аз Гузари Бод то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 19 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 906 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта, чойхона-фароғатгоҳи «Кони Зар», осиёби хусусӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Испағн обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 7 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст. Наҳри Испағн соли 1989 бо ташаббуси сарвари хоҷагӣ Ҳикматулло Қудратов ба истифода дода шуд.
Шаъсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Доктори илмҳои ҳуқуқ Раҳмонқул Шарипов, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, нависанда Султон Мерган, олими соҳаи кишоварзӣ Ниёзмаҳмад Норов зодагони Гузари Бод мебошанд. Дар маркази деҳа марқади Хоҷа Бибӣ Сомеа мавҷуд аст, ки зиёратгоҳи мардум мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гузари Бод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2