Jump to content

Деҳоти Дурбат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Дурбат
Парчам
Парчам
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа НТҶ
ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 25172 тан
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ҷамоати Дурбат — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Ҷамоати деҳоти Дурбат (марказаш деҳаи Турдибобо), аз маркази ноҳияи Ҳисор дар масофаи 5 км ва аз пойтахти ҷумҳурӣ Душанбе 18 км дурӣ дорад, соли 1964 таъсис ёфтааст, аввал дар ҳайати Ҷамоати Ҳисор мансуб буд. Дар ҳудуди ҷамоат 2692 хоҷагӣ ва 20052 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд. Ба ҳудуди ҷамоат 11 деҳа дохил мешавад: Дурбат, Турдибобо, Ҷавонон, Манзар, Хоҷасидиқ, Ниёгон (собиқ Қарапичоқ), Турдиқишлоқ, Дӯстӣ, Ангурзор (собиқ Учқул) ва Тиргарон. Ҷамоат аз ҷануб бо Ҷамоати Ҳисор ва ҷанубу шарқ Шарора, аз шарқ бо Ҷамоати Деҳқонобод ва Ҷамоати Алмосӣ, ғарбу ҷануб бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Аз дохили ҷамоат роҳи оҳани Душанбе, Канали калони Ҳисор ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор мегузарад. Дар ҳудуди ҷамоат 18 масҷид (11 масҷид ба қайд гирифта шудааст), аз ҷумла 1 масҷиди ҷомеъ, 2 маркази фароғатӣ-истироҳатӣ барои ҷавонон мавҷуд аст. Шуғли асосии мардум деҳқонӣ буда, дар айни ҳол дар ҳудуди ҷамоат 3551 га заминҳои умумӣ, аз он 2668 га заминҳои дар гардиши кишоварзӣ, 158 га боғот ва 901 га чарогоҳҳо, аз он 212 га чарогоҳи зимистона, 140 га чарогоҳи тобистона, 167 га чарогоҳи баҳорию тирамоҳӣ ва 382 га чарогоҳи доимоамалкунанда мавҷуд аст. Дар ҳудуди ҷамоат хоҷагии илмию таҷрибавии ба номи Дзержинский, кооперативи кишоварзии истеҳсолии «Самар», хоҷагии таълимию таҷрибавии истеҳсолии ДАТ «Ҳисор» ва 187 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба парвариши зироату чорво ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд. Дар ҳудуди ҷ.д. 4 мактаби миёна, 1 мактаби асосӣ, 3 мактаби ибтидоӣ, коллеҷи тиббӣ ва литсеи касбию техникии № 1 фаъолият мекунанд. Дар муаасисаҳои таълимию касбӣ 198 устод ба 4503 нафар хонандагон таълиму тарбия медиҳанд. Дар ҳудуди ҷамоат таваллудхона дар деҳаи Турдибобо, 3 маркази саломатӣ дар деҳаҳои Дурбат, Турдиқишлоқ ва Ҷавонон, 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Турдибобо ва Манзар ба мардум хидмати тиббӣ мерасонанд. [1]

-шумораи аҳолӣ — 25172 нафар, аз ҷумла мардон 12834 нафар ва занон 12834 нафар , шумораи хоҷагӣ — 3112 ададро ташкил медиҳад; тоҷикон 18523 нафар, ӯзбекон 4275 нафар, дигар милатҳо 950 нафар

Деҳаҳои ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Дурбат 6740
Турдибобо 4157
Ҷавонон 3874
Манзар 1490
Хоҷасиддиқ 2981
Ниёгон 2071
Турдиқишлоқ 1966
Дӯстӣ 382
Ангурзор 348
Зартеппа 640
Тиргарон 523
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 556