Турдибобо
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Дурбат |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 3621 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Коди мошин | TJ07 |
Турдибобо — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Турдибобо то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 3621 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]
Турдибобо аз самти шим. бо Ҷамоати Сомон ва аз самти шим. шаҳри ба деҳаи Дурбат, аз самти ғ. ба Ҷамоати Деҳқонобод ва хоҷагии таълимию таҷрибавии ДАТ ҳамсарҳад мебошад. Аҳолӣ ба кишоварзӣ, бахусус, зироаткорӣ машғул буда, маҳсулоташонро ба бозорҳои маркази ноҳия ва шаҳри Душанбе ба фурӯш мебароранд, инчунин бархе дар шаҳри Душанбе ба корҳои тиҷорат, сохтмон, саноат, илму фарҳанг ва ғайра машғул ешаванд[2].
Турдибобо аз маркази ноҳия 6 км ва аз маркази мамлакат шаҳри Душанбе 18 км дурӣ дорад Аз қисмати боло роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода ва аз қисмати поён роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҳисор мегузарад, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии деҳа таъсири мусбӣ мерасонад[2].
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар Турдибобо раёсати ҷ.д., маркази имкониятҳои ҷавонон, идораи маъмурии хоҷагии ба номи Дзержинский, мактаби миёнаи № 13-и ба номи И. Гулов, таваллудхона, бунгоҳи тиббӣ, дуконҳои фурӯши маҳсулоти озуқа ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум фаъолият менамоянд. Эҳтимол меравад, ки исми бунёдкунандаи ин макон ба номи деҳа табдил ёфта бошад[2].