Зартеппа (деҳа, н. Ҳисор)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Зартеппа | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Дурбат |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 565 нафар (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
Зартеппа (собиқ Учқул)— деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Зартеппа то маркази ҷамоат 15 км, то маркази ноҳия 10 км. Аҳолиаш 565 нафар (2017), тоҷикон. Деҳа соли 1953 ташкил шудааст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Обшорон таҳсил мекунанд. Деҳа дорухона, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зартеппа // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2