Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ангурзор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ангурзор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Дурбат
Таърих ва ҷуғрофия
Номҳои пешина Учкул
Аҳолӣ
Шумора 304 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ангурзор (собиқ Учкул) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Ангурзор то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 8 км; роҳ автомобилгард.. Аҳолиаш 304 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Дар тамоми заминҳояш ангурҳои щаҳдбори гуногун парвариш карда мешаванд. Аҳолии Ангурзор чи мардон ва чи занон роҳу усулҳои бисёри парвариши ангурро хуб медонанд. Аз қисмати Ангурзор роҳи калони втомобилгарди Ҳисор — Душанбе мегузарад, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва тиҷоратии Ангурзор таъсири мусбӣ мегузорад[2].

Соҳаи асосии хоҷагӣ: боғу токдорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор обёрӣ мешаванд.

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 130