Назри Яздонӣ
Назри Яздонӣ | |
|---|---|
| Назрулло Раҳматуллоев | |
| Таърихи таваллуд | 18 августи 1949 (76 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Тавилдара |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | шоир, тарҷумон |
Назри Яздонӣ (Раҳматуллоев Назрулло; 18 августи 1949, ноҳияи Тавилдара)— шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988), Шоири халқии Тоҷикистон (2014).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Назри Яздонӣ 18 августи соли 1949 дар ноҳияи ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Хонадонашон соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод кӯчида, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷой (деҳаи Маҳмадшоҳи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Рӯдакӣ) ба фарҷом расондааст. Баъди хатми мактаби миёна, як сол дар заводи пахтаи Айнӣ коргарӣ кардааст. Соли 1967 ба шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, соли 1971 хатмаш намудааст. Аввалин шеъру мақолаи илмиаш дар даврони донишҷӯӣ ба чоп расидаанд. Дар озмунҳои шеърӣ ва илмии донишҷӯён ширкат варзида, муваффақият ёфтааст. Баъди хатми донишгоҳ дар бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохта, соли 1981 дар Алмаато дар мавзӯи "Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда, дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият будааст. Солҳои 1991—1999 мудирии шуъбаи назорат ва ҳамоҳангсозии Кумитаи оид ба корҳои дин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Муассис ва сардабири рӯзномаи «Алиф», ки соли 1998-1999 нашр мешуд ва масъалаҳои адабу фарҳангу тамаддуни миллатро баррасӣ мекард. Баъдан ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор омадааст. Бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст. Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Муддати панҷ сол барномаи мустақили “Асолати миллӣ”, “Худшиносии миллӣ”-ро дар Шаббакаи аввали радиои давлатии Тоҷикистон бурдааст. То имрӯз комилан ба кори илмиву эҷодӣ машғул аст. Таҳти роҳбарии устод 4-нафар унвонҷӯён рисолаи номзадии худро дифо кардаанд.
Сафарҳои хориҷӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Назри Яздонӣ ба мамолики Ҳиндустон, Венгрия, Руссия (ва аксари ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ), Эрон, Ироқ, Туркия, Сурия, Урдун, Арабистони Саудӣ, Қатар сафарҳои хидматӣ кардааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба чоп расида, иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, ӯзбакӣ, укроинӣ, эстунӣ, олмонӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Кӯшидааст дар заминаи анъанаҳои шеъри классикӣ, шеъри ҷаҳонӣ, шеъри мардумии тоҷик, шеъри нимоӣ, шеъри тоза гӯяд. Ба ақидаи шеършиносони тоҷик сухани тоза мегӯяд. Бунёди шеъраш маъно, фаҳмо, зебо ва гӯё аст. Аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ӯзбакӣ, урду, укроинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои алоҳидаи А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ.Байрон, А.Ҷафрӣ, роману қиссаҳои ҷудогонаи Л. Каррол, З. Бистритская ва дигар адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро (дар ҳамқаламии М.Диноршоев ва Т. Мардонов) аз арабӣ ба русӣ гардондааст. Аввалин шоири тоҷик аст, ки бевосита аз инглисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар таърихи тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русист. Чандин баёзи манзуму мансур ва фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тифлис, Ханой, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон чоп шудаанд. Осори зиёди публитсистӣ дорад. Китоби эссеҳои фалсафиву адабиаш «Ҳикмати озодагон» ба таҳқиқи тақдиру вижагиҳои ҳувийяти миллӣ ва фарҳанги имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар ин асар моҳияти маданияти тоҷик, мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ, хусусиятҳои асолати миллӣ, моҳияти иҷтимоӣ, сиёсати ваҳдати миллӣ дар гирдобу тундбоди беамон, бебозгашти глобализатсия мавриди таҳлили ҷиддии усулӣ ва илмӣ қарор гирифтааст.
Таҳқиқоти бунёдиаш бо номи “Ормонҳои ориёнӣ” низ аз асолату хештаншиносӣ баҳс мекунад. Ин асар таҳқиқотӣ – илмӣ аст, ки арзишҳои ориёнӣ – тоҷикиро дар майдони набардҳои муосир, набарҳои хусусияти дегуманистӣ дошта ба таҳлил мегирад. Тақдири арзишҳову ормонҳои ориёнӣ – тоҷикӣ аз даврони Куруши Кабир то имрӯз, ояндабинии ин тақдирҳо ҳамчун мавзуи мубрами рӯзгори умумибашарӣ собит мешавад ва муаллиф наҷоти башариятро дар эҳтирому бузургдошти ин арзишу ормонҳо мебинад. Ба назари муаллиф ин арзишу ормонҳо бо мурури замон, дар натиҷаи таъсиргузориашон ба тамаддуни башарӣ, бар асари дар мубодилаи солим буданаш бо тамаддунҳои дигар хусусияти умумибашарӣ пайдо кардаанд.
Дар сабти комили аудиоии «Шоҳнома» ширкат варзидааст. Ба силсилаи ашъораш устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанду месароянд. Зиёда аз 30 сурудаш дар хазинаи тилоии Радиои тоҷик нигаҳдорӣ мешавад. Тадқиқоти илмӣ дар китоби "Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорат ва танбеҳот», мақолоти зиёдаш ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар Душанбе, Маскав, Тошканд ва Алмаато ба табъ расидаанд. Феълан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардори «Маркази тоҷикшиносӣ» фаъолият дошта, дар болобурди савияи маърифату хештаншиносӣ камолоти ҷаҳонбинии вижаи миллӣ, таҳия ва нашри силсилаи «Тоҷнома», ки саҳми миллатамонро дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ бо нашри манбаъҳои бостонӣ ва осори фарҳангии дараҷаи аввал собит месозад, ҳиссаи сазовор мегузорад. Дар ҳоли ҳозир аз ин маҷмааи бузург 15 ҷилд ба нашр расид.
Саҳми Назри Яздонӣ хусусан дар нашри осори бостонӣ муҳим аст. Аз ин осор “Авасто”, “Мероси хаттии Бостон” (дар ду ҷилд, ки тамоми осори хаттӣ, аз ҷумла “Бундаҳишн”, осори бузургҳаҷму хурдҳаҷм, сангнабиштаҳо, ҳамагуна навиштаҳои тоқҳову дигар гунаи катибаҳо, ки арзиши фарҳангӣ доранд ҷамъ шуд ва нашр шуд.), “Динкард” ахамияти махсус доранд. Ин осор бори нахустин дар ин шакли комилу маҷмӯъ хушбахтона ба чоп расид. Дар ҳамин масир маҷмӯаҳои “Бохтар”, “Суғд” ҳар кадом ду ҷилдии бузург, ки манбаъҳо ва таҳқиқоти арзишманде, ки дар бораи Бохтару Суғди имрӯза аз осори Бостону юнониён сар карда то ба имрӯз ба даст расидааст ҷамъоварӣ шуда ба дасти хонанда расонида шуд. Ҳоло дар баробари эҷоди шеър тадқиқоти фалсафиву фарҳангӣ дар самтҳои «Ташаккул ва такомули маънавиёти тоҷик дар масири адолат-гароён (Пешдодиён), маърифатпешагон (маздоясноӣ), исломӣ, шӯравӣ ва истиқлоли сиёсӣ», «Таъсир ва такомули тарафайни тамаддунҳо, (исломӣ, иудаистӣ, насронӣ, ҳиндӣ)» сурат мегирад.
Хулосаи тадқиқоташ ин аст, ки умумият, такомули тарафайни тамаддунҳо дар тӯли таърихи панҷ ҳазор сол равшану сареҳ ва муфиду ҳамаҷониба будааст. Ихтилофи тамаддунҳо хосияти фрагментарӣ, гузаранда ва сиёсӣ доштааст. Тарғиби ин нуктаҳои бунёдӣ ба ақидаи Назри Яздонӣ аҳамияти воқеии пурқувват ва судманд шудани ҳусни тафо-ҳум ва ҳамзистии миллалу ақоиди мухталифро дорад.
Назри Яздонӣ оиладор соҳиби ду духтар, чор набера аст.
Ҳадафи ӯ дар зиндагӣ хушбахтиву фараҳмандии инсон аст. Чунин хушбахтӣ дар сурати ҳусни тафоҳуми огоҳона, маърифати тамаддуни ҷаҳонӣ имкон дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени «Шараф» (2011).[1]
- Соли 2014 ба унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» мушарраф гардид.
- Соли 2021 бо медали «Ҷашнии 30-солагии Истиқлолият» тақдир карда шуд.
- Соли 2025 бо медали “Ҷашнии 30-солагии ҲХДТ” тақдир карда шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.310 — 311 ISBN 978-99947-2-379-9.