Рӯйдодҳои соли 2020
Зоҳир
- 31 декабри соли 2020 шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 296 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 12 799 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[1]
- 31 декабри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 83 200 986 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 815 161 нафар фавтиданд, 58 987 491 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 21 081 896 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони — ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Русия, Фаронса, Туркия, Бритониёи Кабир, Италия, Испания, Аргентина, Колумбия, Олмон, Мексика, Лаҳистон, Эрон, Украина, Африқои Ҷанубӣ ва Перу дохил шудаанд.[2]
- 30 декабри соли 2020 Захираҳои тилоии Бонки Миллии Тоҷикистон дар соли сипаришуда дар пасманзари болоравии рекордии нархи тило дар ҷаҳон қариб нисф афзоиш ёфтанд. Нархи миёнаи тилое, ки аз БМТ озодона дастрасанд, 42,2% баланд шуд.[3]
- 25 декабри соли 2020 Академияи илмҳои табиии Русия Абдусафо Умарҷонов, декани факултети менталургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои нақши муассир дар рушди ихтироъкорӣ, таълимот дар мактабҳои олӣ ва ҷавобгӯй будани китобу корҳои илмияш ба меъёрҳои байналмиллалӣ бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел ва ҷоизаи пулӣ қадрдон кардааст.[4]
- 24 декабри соли 2020 Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
- 24 декабри соли 2020 Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дод.[5]
- 23 декабри соли 2020 Пас аз чанд соли "танаффус", рӯзи 23 декабри соли 2020 , гази табии Узбекистон ба вилояти Суғд расид. "Ҳоло ҳар куб газро аз Узбекистон ба 130 доллар мегирем. Ин нарх даҳ сол пеш аз 340 то 360 доллар буд”, - шарҳ дод мудири ширкати "Суғдиёнгаз" [6]
- 19 декабри соли 2020 шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 12 923 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 12 374 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 89 нафар расид[7]
- 19 декабри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 76 271 605 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 686 527 нафар фавтиданд, 53 523 094 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 21 081 896 ба ҳамин сироят гирифторанд.[8]
- 15 декабри соли 2020 Дар даври дуюм ва ниҳоии интихоботи президентии Молдова, Майя Санду, иқтисоддони собиқи Бонки Ҷаҳонӣ, рӯзи 15 декабр 57,7 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва ғалаба кард.[9]
- 15 декабри соли 2020 Коллеҷи интихоботии ИМА пирӯзии Ҷо Байденро, рӯзи душанбеи 14 декабр, ҳамчун Президенти ИМА ба расмият шинохт.[10]
- 10 декабри соли 2020 Дар майдони Озодии шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзи 10 декабри соли 2020 , ба ифтихори хатми ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ, гузашти низомӣ ташкил шуд.[11]
- 24 ноябри соли 2020 Ба ҳолати 24 ноябр шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 11 971 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 11 355 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 86 нафар расид[12]
- 24 ноябри соли 2020 соати 18:42. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 59 732 450 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 405 789 нафар фавтиданд, 41 323 353 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 17 003 308 ба ҳамин сироят гирифторанд.[13]
- 16 ноябри соли 2020 Бино ба хабари Комисиияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, собиқ Сарвазири Қирғизистон ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов барои иштирок дар интихоботи президенти ин кишвар номзадияшро пешниҳод кард. Вай номзади мустақил аст. Ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 65 нафар ҷиҳатьи иштирок дар интихоботи президентӣ ҳуҷҷат супоридаанд, аз ин теъдод ду нафар – Б. Бакетаев ва Ҷ. Турғуналиев аризаҳояшонро пас гирифтаанд.[14]
- 11 ноябри соли 2020 соати 15:39:37. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 51 950 727 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 282 118 нафар фавтиданд, 36 491 764 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 14 176 845 ба ҳамин сироят гирифторанд.[15]
- 10 ноябри соли 2020 Арманистон, Озарбойҷон ва Русия Созишномаи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳиро имзо карданд. Созишнома воридшавии нерӯҳои посдори сулҳи Русияро ба Қарабоғи Кӯҳӣ ва ба Озарбойҷон додани як қисми қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла шаҳри Шушаро пешбинӣ мекунад.[16] Боз нигаред:[17]
- Муфассал:Созишномаи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 10 ноябри соли 2020
- 9 ноябри соли 2020 Тибқи иттилои Fox News, Ҷо Байден 50,2 фоизи овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард. 74,5 миллион нафар одам овози худро ба ӯ додааст. (Интихоботи Президенти ИМА 3 ноябр баргузор гардидааст) Ин нишондод нисбат ба Доналд Трамп 4 миллион нафар зиёдтар мебошад. Ба ҳамин тартиб, демократ Байден рекорди соли 2008 гузоштаи Барак Обамаро шикаст. Вай амалан 69,5 миллион овоз (52,93 фоиз) гирифта буд.[18]
- 6 ноябри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 6 ноябр шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 49 016 480 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 239 375 нафар фавтиданд, 34 979 953 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 12 797 152 ба ҳамин сироят гирифторанд.[19]
Вазъи сироятёфтагон аз рӯи кишварҳо (Омори COVID-19 дар рӯзи 6.11.2020):
- ИМА — сироятёфтагон — 9 919 522 нафар; фавтиданд — 240 953 нафар
- Ҳиндустон — сироятёфтагон — 8 411 034 нафар; фавтиданд — 125 029 нафар
- Бразилия — сироятёфтагон — 5 614 258 нафар; фавтиданд — 161 779 нафар
- Русия — сироятёфтагон — 1 712 858 нафар; фавтиданд — 29 509 нафар
- Фаронса — сироятёфтагон — 1 601 367 нафар; фавтиданд — 39 037 нафар
- Илова Инчунин ба шумораи умумии сироятёфтагоне, ки зиёда аз як миллион нафарро фаро гирифтаанд шаҳрвандони — Испания, Аргентина, Бритониёи Кабир ва Колумбия дохил шудаанд.[19]
- 5 ноябри соли 2020 Ба ҳолати то субҳи 5 ноябр шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 219 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 10 494 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 83 нафар расид[12]
- 26 октябри соли 2020 Вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон бо муовини котиби давлатии ИМА Стивен Биган мулоқот карданд ва пас аз он сулҳи башардӯстонаро дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон карданд. Оташбас аз 26 октябр соати 08:00 эътибор пайдо мекунад.[20]
- Илова Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад.[21] Аз 27 сентябр дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид давом дорад.[22]
- 25 октябри соли 2020 Варзишкори амрикоӣ Ҷон Ҷонс дар рейтинги беҳтарин размандагони UFC, новобаста аз вазн, аз ҷои аввал ба фоидаи Ҳабиб даст кашид.[23] Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, пас аз ба итмом расонидани корномаи худ ҳамчун размикор, ният дорад мураббӣ шавад.[24]
- 25 октябри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 25 октябр шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 42 924 533 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 154 761 нафар фавтиданд, 31 666 683 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 10 103 089 ба ҳамин сироят гирифторанд.[25]
Вазъи сироятёфтагон аз рӯи кишварҳо (Омори COVID-19 дар рӯзи 25.10.2020):
- :ИМА - сироятёфтагон — 8 827 932 нафар; фавтиданд — 230 068 нафар
- :Ҳиндустон - сироятёфтагон — 7 863 892 нафар; фавтиданд — 118 567 нафар
- :Бразилия - сироятёфтагон — 5 381 224 нафар; фавтиданд — 156 926 нафар
- :Русия - сироятёфтагон — 1 497 167 нафар; фавтиданд — 25 821 нафар
- :Испания - сироятёфтагон — 1 110 372 нафар; фавтиданд — 34 752 нафар
- 24 октябри соли 2020 Ҳабиб Нурмуҳаммадови русиягӣ дифои сеюми камарбанди қаҳрамони сабуки UFC-ро анҷом дода, рақиби амрикоии худ Ҷастин Гетҷиро мағлуб кард. Мубориза барои ҳарифон шиддатнок гузашт ва дар даври дуввум Ҳабиб бо усули буғӣ кардан ҳарифашро шикаст дод.[26] Пас аз набард Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ин охирин набарди ӯ дар чемпионати UFC аст.[27]
- 20 октябри соли 2020 Никола Пашинян ва Илҳом Алиев дар бораи гуфтушуниди ҳалли осоиштаи муноқиша дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар ш. Москва изҳори розигӣ намудаанд, аммо онҳо дар мавқеи худ истодаанд[28]
- 19 октябри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 19 октябр шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 40 268 496 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 118 294 нафар фавтиданд, 30 111 748 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 9 038 454 ба ҳамин сироят гирифторанд.[29]
Вазъи сироятёфтагон аз рӯи кишварҳо (Омори COVID-19 дар рӯзи 19.10.2020):
- :ИМА - сироятёфтагон — 8 387 799 нафар; фавтиданд — 224 730 нафар
- :Ҳиндустон - сироятёфтагон — 7 548 238 нафар; фавтиданд — 114 642 нафар
- :Бразилия - сироятёфтагон — 5 235 344 нафар; фавтиданд — 153 905 нафар
- :Русия - сироятёфтагон — 1 399 334 нафар; фавтиданд — 24 187 нафар
- :Аргентина - сироятёфтагон — 989 680 нафар; фавтиданд — 26 267 нафар
- 20 октябри соли 2020 Натиҷаҳои пешакии маъракаи муҳими сиёсӣ - барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шуд. Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии соли 2020 дар Тоҷикистон, аввали соли 2021 пешниҳод мешаванд[30]
- 19 октябри соли 2020 Ба ҳолати то субҳи 19 октябр шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 10 ҳазору 493 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 9 511 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 80 нафар расид.[31]
- 15 октябри соли 2020 30 октябри соли 2020 мувофиқи Конститутсия (Қонуни Асосӣ)-и Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан дар ҷаласаи муштараки Маҷлисҳои намояндагон ва миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.[32]
- 14 октябри соли 2020 И.в. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 14 октябр фармонро «Дар бораи таъйин кардани сарвазир ва аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон» имзо кард. Роҳбари Анҷумани тоҷикони кишвар, профессор Равшанбек Собиров муовини сарвазири ҶҚ таъйин шуд.[33]
- 12 октябри соли 2020 Тибқи маълумоти пешакии КМИР-и Тоҷикистон, сарвари давлати амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентӣ ғолиб омад. Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон — 90,92% ё худ — 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар раъйдиҳандагон овоз доданд [34]
- 9 октябри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 9 октябр шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 36 753 904 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 066 856 кас фавтиданд, 27 667 552 нафар шифо ёфтаанд[35]
- 9 октябри соли 2020 Ба ҳолати то субҳи 9 октябр шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 10 ҳазору 097 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 8914 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 78 нафар расид.[36]
- 6 октябри соли 2020 Натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябри Қирғизистон беэътибор эълон шуданд.[37]
- 5 октябри соли 2020 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 34,9 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 025 647 кас фавтиданд.[38]
- 5 октябри соли 2020 Ба ҳолати то субҳи 5 октябр шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 9 ҳазору 935 нафарро ташкил медиҳад. теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ боз 1 нафар зиёд шуда, аз оғози пандемия ба 78 нафар расид.[38]
- 27 сентябр - 15 октябри соли 2020 Дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид давом дорад.[22]
- Илова Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад.[21]
- 16 сентябри соли 2020 Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон ба беш аз 29 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 933 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 21 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.[39]
- 15 сентябри соли 2020 Расман ба иттилои Вазорати тандурустии ҶТ, аз 30 апрел то 15 сентябри с. 2020 9 ҳазору 129 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор шуда, аз ин 7 ҳазору 896 нафар ё 86,4%-и беморон шифо ёфтанд, теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ ба 73 нафар расид.[40]
- 14 сентябри соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Қарори Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.[41]
- 12 сентябри соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд. Дар ин мавзеи бостонӣ муаррифии Рамзи Саразм, бо баландии 27 метр, Дарвозаи Саразм, Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо иштироки Пешвои миллат сурат гирифт.[42]
- 11 сентябри соли 2020 Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни 90-солагии худ дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид.[43]
- 8 сентябри соли 2020 Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон [44]
- 10 августи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус то имрӯз шумораи гирифторони COVID-19 бо ошкор гардидани 219 598 ҳолати нав давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон ба 20 026 161 нафар расид. Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 199 444. Баъдан Бразилия (3 035 582), Ҳиндустон (2 215 074), Россия (887 536), Африқои Ҷанубӣ (559 859), Мексика (480 278), Перу (478 024), Колумбия (387 481) Чили (373 056) ва Испания (361 442) ҷойгиранд.[45]
- 10 августи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст: 17 августи соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли таҳсили 2020-2021 оғоз меёбад. Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд, тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда мешаванд. Барои давомнокии дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар ин тартиб 3 тавсия мешниҳод карда шудааст.[46]
- 9 августи соли 2020 Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, 10,09 дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд.[47]
- 6 августи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум қарор қабул гардид, ки Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 таъйин карда шавад.[48]
- 5 августи соли 2020 Рӯзи 5 август дар бандари шаҳри Байрут миқдори зиёди селитраи аммиак таркид. Дар ин таркиш ҳудуди 6 ҳазор нафар захмӣ шуда, 300 ҳазор нафар бехонаву ҷо шуданд. Ҳасан Диёб, нахуствазири Лубнон, дар пайи эътирозҳои густурдаи мардумӣ рӯзи 10 август аз мақомаш истеъфо дод.[49]
- 6 июли соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад. Ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур бунёд гардида, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона — ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад.[50]
- 6 июли соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Шабонарӯзи гузашта (5 июл) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 6 июл ба 6262 нафар расид.Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4914 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.[51] (то 15 июн дар ҶТ 5097 нафар кас гирифтори COVID-19 буд)
- Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои табобати сироятёфтагон сафарбар шудаанд.[52]
- 6 июли соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ дар муддати 4 ҳафтаи гузашта (аз 15 июн то 6 июл) дар ҷаҳон ба сирояти COVID-19 зиёда аз 3 500 000 кас гирифтор шудаанд. Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 175 499 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 572 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 580 119 нафар ва теъдоди фавтидагон 537 179 кас мебошад. Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 547 935 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.[53]
- Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст (омори 6 июли с 2020):
- ИМА (2 983 155 нафар),
- Бразилия (1 604 585),
- Ҳиндустон (699 402),
- Россия (687 862),
- Перу (302 718),
- Испания (297 625),
- Чили (295 532),
- Британияи Кабир (285 416),
- Мексика (256 848)
- Италия (241 611) дохил мешаванд.[53]
- 2 июли соли 2020 Дар шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Шарқ гузаргоҳи зеризаминии мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд....Иншооти мазкур ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.... Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида 5054,4 м2, дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст. Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.[54]
- 2 июли соли 2020 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи оташбаси "пурра ва фаврӣ" дар саросари ҷаҳон барои мубориза бо пандемияи коронавирус, ки беш аз ним миллион нафар ҷони худро аз даст додааст, қабул кард, хабар медиҳад вебсайти UN News. Ин даъват ба амалиёти низомӣ алайҳи "Давлати Исломӣ"(ДАИШ), "Алқоида", "Ҷабҳаи ал-Нусра" ва дигар ташкилотҳои террористӣ дахл надорад.[55]
- 15 июни соли 2020 Мақомоти Тоҷикистон бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд. Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе рӯзи 15 июн ҳудуди 10 200 тоҷир дубора ба кори худ шурӯъ карданд.[56]
- 15 июни соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи охирин маълумоти СУТ, дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта 123 783 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 258 бемор фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 7 989 586 буда, теъдоди фавтидагон 435 491 мебошад.[57]
- 15 июни соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 15 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5097 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3503 (68,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то таърихи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд.[58]
- 15 июни соли 2020 Бисёр кишварҳои аврупоӣ шурӯъ аз 15-16-уми июн марзҳои худро ба рӯи кишварҳои ҳамсоя боз мекунанд ва ин як қадами бузург дар паи се моҳи маҳдудиятҳо мебошад. Олмон, Белгия, Фаронса, Юнон ва Ҷумҳурии Чех дар миёни кишварҳое мебошанд, ки аз имрӯз ва Австрия аз 16 июн марзҳоро боз мекунанд. Бозкушоии ҳамоҳангшудаи марзҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки ҳафтаи гузашта Комиссиюни Аврупо машварат дод, ки кишварҳои узв марзҳояшонро боз кунанд. Бозкушоии марзҳо бештар марбут ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо, Бритониё (Пас аз 31 январи соли 2020, Бритониё аз иттиҳод хориҷ шуд) ва аксар кишварҳои ҳавзаи Шенген мебошад.[59]
- 14 июни соли 2020 Чин даҳлези нави нақлиётии худро ба Узбекистон боз мекунад. Дар мавриди роҳандозии нахустин блок-поезд дар даҳлези чандҳолата (мультимодальный)-и Чин-Қирғизистон-Узбекистон аввали июн дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Узбекистон хабар дод. Гуфта мешавад, ки блок-поезд бо 25 контейнер ба Тошканд тавассути истгоҳи роҳи оҳани “Лонжу”-и музофоти Гонсу (Чин) тариқи Қошғар ба Шинҷон ва порти Иркештами Қирғизистон, аз он ҷо ба шаҳри Ӯш ва минбаъд ба самти Узбекистон меравад.[60]
- 30 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1865 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то таърихи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.[61]
- 28 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 106 ҳазору 475 нафар зиёд шуда, ба 5 миллиону 814 ҳазору 593 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 515 ҳазору 490 кас шифо ёфтаанд ва 357 ҳазору 977 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).[62]
- 28 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 746 217 нафар), Бразилия (414 661), Россия (379 051), Испания (283 849), Британияи Кабир (231 139), Италия (231 139), Франсия (182 913), Германия (181 895), Туркия (159 797) ва Ҳиндустон (159 054) дохил мешаванд. Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (490 151), Испания (196 958), Бразилия (166 647), Германия (163 200), Россия (150 993), Италия (147 101), Туркия (122 793), Эрон (112 988), Чин (78 288) ва Ҳиндустон (67 929) шифо ёфтаанд. Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (102 114 нафар), Британияи Кабир (37 460), Италия (33 072), Франсия (28 596), Испания (27 118), Бразилия (25 697), Белгия (9 388), Мексика (8 597), Германия (8 533) ва Эрон (7627) шомил мебошанд.[62]
- 26 майи соли 2020 Кумитаи дин ва танзими расму маросими миллӣ дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур додааст, ки то беҳбуди вазъият барои баргузории маросимҳои арӯсӣ ба сокинон иҷозат надиҳад.[63]
- 24 майи соли 2020 Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев), донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24-уми май дар 74-солагӣ даргузашт.[64]
- 24 майи соли 2020 Шӯрои уламои Тоҷикистон қарор кард, ки Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон 24 май фаро мерасад, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта намози ид ва идгардак баргузор намегардад. Мақомот аз сокинон хостаанд, идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд. Ин тасмим ба густариши коронавируси нав дар Тоҷикистон рабт дорад, ки дар бист рӯзи ахир ба тақрибан ду ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 41 нафар шудааст.[65]
- 17 майи соли 2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1524 ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 39 нафар фавтидаанд.[66]
- 12 майи соли 2020 Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки COVID-19-ро бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.[67]
- 12 майи соли 2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳрро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 31 майи соли 2020 тамдид намуд [68]
- 7 майи соли 2020 7 май дар Тоҷикистон 82 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон ба 461 нафар расид. Ҳамзамон, давоми шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати фавт сабт гардида, дар умум 12 нафар беморони гирифтори ин навъи нави коронавирус фавтидаанд.[69]
- 30 апрели соли 2020 30 апрели соли 2020 дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 3 миллиону 220 ҳазору 969 нафар буда, аз онҳо 1 миллиону 1 ҳазору 72 кас шифо ёфтаанд ва 228 ҳазору 251 тан вафот кардаанд.[70]
- 30 апрели соли 2020 тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2020 — 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии COVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд — 10 (даҳ) ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе — 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст.[71]
- 29 апрели соли 2020 Бобоҷон Назаров - донишманди тоҷики муқими Лондон шеваи нав барои муолиҷаи COVID-19-ро ошкор кардааст, ки дар сурати озмоишҳои муваффақиятомез метавонад, барои дармони миллионҳо мардум дар сайёра кумак кунад.[72]
- 17 апрели соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
- 17 марти соли 2020 Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[73]
- 1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[74]
- 1 марти соли 2020 дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад, шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.
- Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ - 35 нафар, ҲАТ - 3 нафар, ҲКТ - 2 нафар ва ҲИИТ - 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[74]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ covid.tj дар рӯзи 31.12.2020 (пайванди дастнорас)
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 31.12.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ слитки Нацбанка Таджикистана в 2020 году подорожали на 42,2%
- ↑ / Донишманди тоҷик медали Нобел ба даст овард
- ↑ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи коркарди санги хоро ва мармарро ифтитоҳ намуданд. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июни 2021.
- ↑ Баъди солҳо "танаффус" гази Узбекистон ба Суғд расид, аммо мардум дар навбати аввал нестанд
- ↑ covid.tj дар рӯзи 19.12.2020 (пайванди дастнорас)
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 19.12.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ Дар интихоботи президентии Молдова номзади аврупогаро пирӯз шуд
- ↑ Байден пас аз таъйиди расмии пирӯзӣ: "Демократия ғалаба кард"
- ↑ Дар Боку ба ифтихори хатми ҷанги Қарабоғ гузашти низомӣ ташкил шуд
- ↑ 12.0 12.1 covid.tj(пайванди дастнорас)
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 24.11.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ ЯКЕ АЗ ШАСТУ СЕ НАФАР. Содир Ҷабборов номзадияшро ба мансаби президенти Қирғизистон пешниҳод кард. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 11.11.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ Армения заключила мир и пошла на уступки Азербайджану./ Арманистон сулҳ баст ва ба Озарбойҷон гузашт кард
- ↑ Озарбойҷон, Арманистон ва Русия дар бораи хатми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар доданд
- ↑ Ҷо Байден аз ҷиҳати шумораи зиёдтарини овозҳои ба номзад ба президенти ИМА додашуда рекорди Обамаро шикаст. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ 19.0 19.1 Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 6.11.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ США объявили о перемирии в Карабахе. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ 21.0 21.1 Арманистон аз "шаби нисбатан ором" дар Қарабоғи Куҳӣ хабар дод
- ↑ 22.0 22.1 Задухӯрди шадид миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ
- ↑ Лаззат бар: Ҷонс ҷои аввалро дар рейтинги UFC ба Нурмуҳаммадов дод
- ↑ Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 25.10.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод(пайванди дастнорас)
- ↑ Хабиб Нурмагомедов победил Джастина Гэтжи и завершил карьеру
- ↑ Пашинян и Алиев "готовы к переговорам", но стоят на своём
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 19.10.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон аввали соли 2021 пешниҳод мешаванд. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Статистика распространения коронавируса в Таджикистане на сегодня, 19 октября 2020 Омори Тоҷикистон дар рӯзи 19.10.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
- ↑ [1]
- ↑ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАЙАТИ НАВИ ҲУКУМАТРО ТАСДИҚ КАРД. Роҳбари Анҷумани тоҷикони кишвар муовини сарвазир таъйин шуд. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум дар интихоботи президентӣ ғолиб омад
- ↑ Коронавирус COVID-19 Global Cases/Донишгоҳи Хопкинс, Омори COVID-19 дар рӯзи 9.10.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2021.
- ↑ Онлайн карта, Мировая статистика Сабти Coronavirus COVID-19 дар рӯзи 9.10.2020. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июли 2021.
- ↑ Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон беэътибор эълон шуд
- ↑ 38.0 38.1 Сабти боз 1 фавт аз COVID-19 дар рӯзҳои истироҳат
- ↑ / Шумори ҷонбохтагон аз вируси корона дар Эрон ба 23 ҳазору 453 нафар расид
- ↑ Афзоиши фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон: тасдиқи Вазорат. 21 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2020.
- ↑ Қарори Раиси КМИР дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 октябри 2020.
- ↑ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 20 миллион нафар расид бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Вазорати маориф ва илм тартиби баргузории дарсҳо дар муассисаҳои таълимиро ба тасвиб расонд бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Беларус баъд аз интихобот: Чӣ мегузарад? бештар...
- ↑ Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Таркиши Байрут. Ҳукумати Лубнон пас аз эътирозҳо истеъфо дод. бештар...
- ↑ Дар Данғара комплекси муҳташами парандапарварӣ ба истифода дода мешавад бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6262 нафар расид бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6262 нафар расид бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ 53.0 53.1 Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар гардид бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ ДАРОЗТАРИН ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ. бештар.... 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
- ↑ ООН принял резолюцию о прекращении войн для борьбы с коронавирусом/ бештар...(пайванди дастнорас)
- ↑ Бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон бекор шуд.(тоҷ.). www.khovar.tj. 16 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 8 миллион нафар наздик мешавад(тоҷ.). www.khovar.tj. 16 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июни 2020.
- ↑ Дар Тоҷикистон 62 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www.ozodi.org. 16 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июни 2020.
- ↑ Аврупо марзҳоро боз мекунад, Амрикову Осиё ҳамоно бо хуруҷи вирус дастбагиребонанд(тоҷ.). www.ozodi.org. 16 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Даҳлези нав ва сарнавишти роҳи оҳан аз Чин то Тоҷикистон(тоҷ.). www.khovar.tj. 16 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ COVID-19. Дар Тоҷикистон 3807 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 май 2020.
- ↑ 62.0 62.1 COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 5,8 миллион нафар гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ Дар Тоҷикистон гузарондани тӯю маъракаҳоро манъ карданд. Сабаб бемории COVID-19(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик даргузашт.(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ Иди Фитр дар Тоҷикистон 24 май аст, вале бе намози дастҷамъӣ(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1524 нафар расид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 май 2020.
- ↑ Ҷаҳон барои хотима ёфтани пандемияи COVID-19 даст ба дуо мебардорад(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 май 2020.
- ↑ Қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либос дар шаҳри Душанбе то 31 май тамдид карда шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2020.
- ↑ ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 461 нафар расид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 3,2 миллион нафар гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 май 2020.
- ↑ ХАБАРИ ФАВРӢ: Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои тасдиқшудаи бемории сироятии CОVID-19 аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 30 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2020.
- ↑ Донишманди тоҷики муқими Бритониё шеваи муолиҷаи КОВИД-19-ро ошкор кардааст(тоҷ.). www.ozodi.org. 30 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум(тоҷ.). www.parlament.tj. 18 марти 2020 санҷида шуд.
- ↑ 74.0 74.1 ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.