Тоҷикистон дар соли 2021
Зоҳир
- 24 декабр Дар 30 соли ҳамкорӣ Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллари америкоӣ кӯмак намудааст. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.[1].
- 21 декабр Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуда, дастур дод, ки беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, даромади аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад.[2].
- 21 декабр Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии кишвар асосан дар мавриди боло бурдани маош, ислоҳоти маориф, норизоятӣ аз сатҳи забондонии кадрҳо, иқтисоди сабз, рушди саноат, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан ба миллату давлат суҳбат кард.[3].
- 16 декабр ЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи «Фалак» -и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.[4].
- 13 декабр Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.[5].
- 8 декабр Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Таносуби қарзи хориҷӣ ба МДД 38,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди иҷозашуда - 40%. Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.[6].
- 29 ноябр Ҳукумати ВМКБ аз поёни эътирозҳои 4-рӯза хабар дода, мегӯянд миёни намояндагони эътирозагрон ва тими гуфтушуниди ҳукумати вилоят тавофуқоте ба даст омадааст.
- 18 ноябр Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт [7].
- 15 ноябр Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти озуқавориро чоп кард, ки ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти дохилии худро бо онҳо пурра қонеъ гардонда метавонад. Ҳиссаи орду гандум дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон 6%-ро ташкил додааст. Тӯли 9 моҳи соли 2021 дар дохили кишвар 854 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст, ки 0,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.[8].
- 29 октябр Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд. Аҳмад Масъуд дар шимоли Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таъсис дод, ки эътилофи шӯришии қавмии зидди «Толибон» аст [9].
- 15 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрванадони кишварро бо ҷашни бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт. Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаааст.[10].
- 12 октябр Дар Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст.[11].</ref>.
- 17 сентябр Дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе, 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон ба кор оғоз намуд. [12].
- 15 сентябр 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.[13].
- 13 сентябр Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, то имрӯз 16 ҳазору 953 нафари онҳо аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ 124 нафарро ташкил медиҳад.[14].
- 13 сентябр Ба ҳолати ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 2 млн 168 ҳазору 537 нафар (37,2%) нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
- 10 сентябр Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии пуршукӯҳи осоишта доир гардид, ки дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар кормандони вазорату идораҳо, афроди касбу кори гуногун, омӯзгрону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва сокинони пойтахт иштирок карданд.Суратгузориши ҷолибу диданӣ аз ин чорабинӣ.[15].
- 31 август Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 16 852 баробар шуд, ки аз ин миён 16 698 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба 124 нафар баробар шуд.[16].
- 31 август Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд.[17].
- 25 август Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард. Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон": Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад.
[18].
- 18 август Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як маросими хос ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридааст.[19].
- 17 август Ба ҳолати шоми 17 августи соли 2021 дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ё 29,5% аҳолӣ ваксина, ҷумла беш аз 212 ҳазор нафар онҳо вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд. Ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории COVID-19 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди Ҷумҳури Тоҷикистон гардонида шуд.[20]
- 28 июли соли 2021 Шаби 26 июл и соли 2021 ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines", 1,5 миллион воя ваксинаи "Moderna"- ро аз Амрико ба Душанбе интиқол дод. Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи "AstraZeneca" гирифтааст.[21]. [22]
- 21 июл Омори сироятёфтагон аз COVID-19: Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14228 баробар шуд, ки аз ин миён 13 801 бемор комилан сиҳат ёфтаанд ва теъдоди қурбониён аз коронавирус ба 114 нафар баробар шуд.[23]. [24]
- 21 июли соли 2021 Хабаргузории Trend бо истинод ба Azerbaijan Airlines хабар додааст, ки Тоҷикистон аз Озарбойҷон 40 ҳазор вояи доруи англисӣ-шведӣ барои коронавируси ваксинаи AstraZeneca гирифт.; Тоҷикистон интизори қабули ваксинаи коронавирус аз чанд кишвари дигар аст.[25].
- 19 июн Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат мекунанд: Усмонов Баҳодур, Негматуллоев Шаббос, Зуҳуров Сиёвуш (бокс), Маҳмадбеков Сомон, Муродов Акмал, Устопириён Комроншоҳ, Раҳимов Темур (ҷудо), Аҳмадиев Илдар (варзиши сабук), Тюрина Анастасия ва Ишанов Олимҷон (шиноварӣ). гардид.[26].
- 25 июн Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода дар соли 2021 муайян шуданд. [27].
- 16 июн Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[28]
- 12 июн 11 июни соли 2021 Чемпионати ЕВРО-2020 оид ба футбол оғоз гардид./Бо бозӣ байни дастаҳои Туркия ва Италия дар гурӯҳи "А" рақобатҳои деринтизори Евро-2020 оғоз шуданд. Натиҷаи бозӣ: Туркия — Италия — 0:3 (0:0)[29].
- 11 июн Ҷудокори (дзюдо) маъруфи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни - 90кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид.[30].
- 10 июн Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.[31]
- 7 июн Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки 4-6 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори 22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд. [32]
- 3 июн Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.[33]
- 28 май Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон (аз 1 сентябри соли 2021), ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад.[34]
- 20 май Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.[35]
- 30 апрел Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[36]
- 30 апрел Дар сӯҳбати телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1 майи соли 2021 ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро оид ба делимитсия ва демаркатсия дар шаҳри Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.[37].
- 28 апрел Муноқишаи байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон 28 апрели соли 2021, соати 16:00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад.[38]. Муноқишаи номбурда 29 апрел давом кардааст. Бар асари тирпаронии шаҳрвандони ду ҷониб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида шудаанд.
- 20 апрел Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[39]
- 8 апрел Моҳи шарифи Рамазон (соли 2021) дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.[40]
- 7 апрел Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1151.1 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд.[41]
- 5 апрел Навори видеоии Манижа Сангин ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровижн-2021» дар Роттердами Нидерландия муаррифӣ карда буд, дар шабакаи расмии озмун, дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст.[42]
- 27 март Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод [43]
- 21 март Ҷозеф Байден ба Эмомалӣ Раҳмон: «Соли ҷорӣ ИМА ва Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд»[44]
- 9 март Нахустин ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст,аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид, аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.[45]
- 9 март Дар ноҳияи Шаҳринав обидаи нави меъморӣ бо номи «I love Shahrinav» («Ман Шаҳринавро дӯст медорам») насб карда шуд. Лоиҳаи нави меъморӣ дар ҳалқагардиши сари пули Қаратоғ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода амалӣ гардид.[46]
- 27 феврал Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[47]
- 26 феврал Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимури Шарқӣ ва Иттиҳоди Қамар ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинг зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ Русия дар ҷои 27, Беларус дар ҷои 59, Қазоқистон дар ҷои 62, Арманистон дар ҷои 83, Озарбойҷон дар ҷои 100, Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.[48]
- 26 феврал Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.[49]
- 19 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то январи соли 2021, ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номнавис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кулоб”.[50]
- 15 феврал Мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3,2 миллион ададро ташкил дод. То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар Тоҷикистон мутаносибан, ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ — 362 адад зиёд шудааст.[51]
- 4 феврал Дар Тоҷикистон шумораи гӯсфандони кӯҳӣ (архар ё «Марко Поло») ба беш аз 26 ҳазору 480 сар расидааст. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, саршумораи бузҳои пармашох беш аз 2,7 ҳазор сар, гавазни бухороӣ — аз 500 то 520 сар, бабрҳои барфӣ то 300-350 сар ва хирсҳои бӯр — то 800 сар зиёд шудааст. [52]
- 14 январ Шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид[53]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.asiaplustj.info. Дар 30 сол Амрико ба Тоҷикистон $1,8 млрд кӯмак кардааст(тоҷ.) (24 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Эмомалӣ Раҳмон 2002-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон кард(тоҷ.) (21 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Маош, каллаҳои холӣ, иқтисоди сабз, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан: муҳимтарин нуктаҳои имсолаи паёми Эмомалӣ Раҳмон(тоҷ.) (21 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. “Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд(тоҷ.) (16 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Тоҷикдухтар ба дарёфти медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии бокс шараёфб гардид(тоҷ.) (13 Декабри 2020). 26 Декабри 2020 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Қарзи берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳ 18,4 млн доллар афзуд(тоҷ.) (8 Декабри 2020). 26 Декабри 2020 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт(тоҷ.) (18 ноябри 2020). 18 ноябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт(тоҷ.) (15 ноябри 2020). 15 ноябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд(тоҷ.) (29 октябри 2020). 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Меҳргон табрик кард(тоҷ.) (15 октябри 2020). 15 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ www.asiaplustj.info. Дар 10 сол шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 2 млн зиёд шудааст(тоҷ.). www.asiaplustj.info (12 октябри 2020). 12 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Ҳамаи параметрҳои шаблони {{cite web}} бояд ном дошта бошад. Шаҳрдорӣ: Тайи 16 рӯзи ахир дар пойтахт ягон ҳолати сироят аз COVID-19 сабтнашудааст(тоҷ.) (17 сентябри 2020). 17 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Дар Душанбе ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД баргузор гардид(тоҷ.) (15 сентябри 2020). 15 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2021.
- ↑ Ҳамаи параметрҳои шаблони {{cite web}} бояд ном дошта бошад. Дар Душанбе нишасти ҷашнии СҲШ ба кор оғоз кард(тоҷ.) (14 сентябри 2020). 14 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Ҳамаи параметрҳои шаблони {{cite web}} бояд ном дошта бошад. 30 ҳазор ба ифтихори 30-солагӣ.Раҳпаймоии мардумӣ(тоҷ.) (10 сентябри 2020). 10 сентябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19)(тоҷ.). covid.tj. 31 августи 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Идомаи мукофотгириҳо: аз Рустами Эмомаливу Убайдуллоеву Достиев то Бег Сабур(рус.). www.asiaplustj.info. 31 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ shavad Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон":Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкилшавад(рус.). www.asiaplustj.info. 25 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ Ордени "Шараф", нависандаву ҳофизи халқӣ, корманди шоиставу хидмати шоиста: ҷоизаву унвонҳои давлатӣ ба 120 нафар(рус.). www.asiaplustj.info. 18 августи 2020 санҷида шуд.
- ↑ ВАКСИНА – ВОСИТАИ ПАСТ КАРДАНИ ШИДДАТИ БЕМОРИИ COVID-19. Дар Душанбе маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус 77% иҷро гардид(тоҷ.). www.khovar.tj. 18 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2021.
- ↑ Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ бо "Moderna" оғоз шуд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 28 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 21.07.2021 (пайванди дастнорас)
- ↑ Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон(тоҷ.). sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 21.07.2021 (пайванди дастнорас)
- ↑ Боз як кишвари дигар ба Тоҷикистон ваксинаи коронавирус медиҳад(тоҷ.). sputnik-tj.com. sputnik-tj.com. 21 июли 2020 санҷида шуд.
- ↑ Темур Раҳимов – парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон(тоҷ.). varzishtv.tj. varzishtv.tj. 11 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода муайян шуданд.(тоҷ.). khovar.tj. 25 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2021.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 16.06.2021 (пайванди дастнорас)
- ↑ ЕВРО-2020 бо автогол оғоз гардид(тоҷ.). ftv.tj. 12 июни 2020 санҷида шуд.
- ↑ МУБОРАК БОД! Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт(тоҷ.). khovar.tj. 11 июни 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июни 2021.
- ↑ 10.06.2021
- ↑ 07.06.2021
- ↑ 03.06.2021
- ↑ 28.05.2021
- ↑ 20.05.2021
- ↑ covid.tj дар рӯзи 30.04.2021 (пайванди дастнорас)
- ↑ Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъ дар марзро баррасӣ намуданд(тоҷ.). khovar.tj. 30 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2021.
- ↑ Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад(тоҷ.). khovar.tj. 28 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2021.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 20.04.2021 (пайванди дастнорас)
- ↑ Санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шуд. /khovar.tj/ 8.04.2021. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑ Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд. /khovar.tj/ 8.04.2021. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑ «Навори видеоии Манижа дар шабакаи «Евровидение» миёни иштирокчиёни соли 2021 аз ҳама бештар машҳур шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 8 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2021.
- ↑ Ситоди ҷумҳуриявӣ барои баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод /khovar.tj/ 27.03.2021. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑ Байден ба Эмомалӣ Раҳмон: «Соли ҷорӣ ИМА ва Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд» /tvt.tj/21.03.2021
- ↑ COVID-19 Нахустин ваксина бар зидди коронавирус аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд /tvt.tj/9.03.2021
- ↑ Дар Шаҳринав лоиҳаи нави меъморӣ — «I love Shahrinav» амалӣ гардид /tvt.tj/9.03.2021
- ↑ covid.tj дар рӯзи 27.02.2021 (пайванди дастнорас)
- ↑ Таджикистан оказался в конце рейтинга по готовности к развитию новых технологий /avesta.tj/2021/02/26/
- ↑ /sputniknews.ru/ 26.02.2021
- ↑ Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон 72 корхона фаъолият мекунанд /halva.tj/ 19.02.2021
- ↑ Тоҷикистон теъдоди ҳамёнҳои электронӣ * тақрибан 5 маротиба афзоиш ёфтааст /khovar.tj/ 15.02.2021(пайванди дастнорас)
- ↑ Дар Тоҷикистон шумораи ҳайвоноти нодир афзоиш меёбад /khovar.tj/ 4.02.2021. 4 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 ноябри 2022.
- ↑ covid.tj дар рӯзи 14.01.2021 (пайванди дастнорас)