Jump to content

Ҷаббор Расулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаббор Расулов
Ҷаббор Расулович Расулов
12 апрели соли 1961 — 4 апрели соли 1982
Пешгузашта Турсун Ӯлҷабоев
Ҷонишин Раҳмон Набиев
парчам
6-умин Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
апрели соли 1946 — 27 марти соли 1955
Пешгузашта Маҳмадалӣ Қурбонов
Ҷонишин Турсун Ӯлҷабоев

Таваллуд 10 июл 1913(1913-07-10)
Даргузашт 4 апрел 1982(1982-04-04) (68 сол)
Мадфан
Ҳизб
Эътиқод атеизм
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1981
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Ленин Ордени Инқилоби Октябр Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Ҷаббор Расулов (Ҷаббор Расулович Расулов; 27 июни (10 июли) соли 1913, Хуҷанд, Вилояти Самарқанд, Империяи Русия — 4 апрели соли 1982, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими ҳизбӣ ва сиёсӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 19461961, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 19611982. Ӄаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1981). Аъзои ҲКИШ (1939) узви КМ ҲКИШ (19611982). Вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷаббор Расулов 27 июни 1913 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро (1934) хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ(1934—1938) саркарда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1938—1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (1941—1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1945—1946) кор кардааст.

Ҷаббор Расулов ба таърихи То- ҷикистон ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва партиявӣ ворид гардидааст. Тараққиёти Ҷумҳурӣ ва дастовардҳои бузург ба номи Ҷаббор Расулов тааллуқ доранд. Чунки ӯ беш аз 30 сол ба сифати роҳбари Ҷумҳуриамон фаъолият намудааст. Даҳ сол ба сифати Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол ба ҳайси Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон меҳнати пурмаҳсул кардааст. Дар давраи роҳбари ҷумҳурӣ будан Расулов якчанд маротиба ба ноҳия ташриф оварда ба меҳнаткашон, алалхусус, ба деҳқонони зарофар маслиҳатҳои муфид додааст.

Солҳои 1946—1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон — Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, дар вазифаи ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС (1955—1958), котиби КМ ПК Тоҷикистон (1958—1960) кор кардааст. Ӯ аввалин шахсест аз Тоҷикистон, ки ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того (1960 — 1961) адои вазифа намудааст.

Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон — Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 19611982 ба ухда дошт. Ҷаббор Расулов дар синни 69 солаги ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил ҷон додааст. 4 апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе вафот карда дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст.[1]

Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар шаҳри Хуҷанд, хиёбоне дар шаҳри Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.

  • 9 ордени Ленин,
  • ордени Инқилоби Октябр,
  • ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II,
  • 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.[2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. [ https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2, %D0%94%D0%B6%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80_ %D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87 Википедияи русӣ, Расулов, Джабар Расулович]
  2. Вазирони корҳои хориҷӣ,Ҷаббор Расулов http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html Бойгонӣ шудааст 8 май 2014  сол.