Муҳаммад
Муҳаммад |
---|
Оила |
Зиндагинома |
Қуръон • Суннат • Сири Набӣ |
ғайраҳо |
Мавлуд • Саловот • Ғазовот Саҳоба • Масҷид ан Набӣ Ҷоҳилия • Зулфиқор |
Муҳа́ммад (ар. مُحَمَّدْ [muˈħammad] ; Абулқосим Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ар. أَبُو القَاسِم مُحَمَّد بنِ عَبد الله بنِ عَبدِ المُطَّلِب; 20 апрел 571[4], Макка — 8 июни 632, Мадина) — паёмбари ислом ва охирин паёмбар дар силсилаи паёмбарони илоҳӣ[5], таҳвилдиҳандаи китоби Қуръон, таҷдидкунандаи ойини аслӣ ва таҳрифнашудаи яктопарастӣ. Ӯ ҳамчунин ба унвони сиёсатмадор, раиси давлат, бозаргон, файласуф, хатиб, қонунгузор, ислоҳгар, фармондеҳи ҷангӣ ва барои мусулмонон ва пайравони бархе мазоҳиб маъмури таълими фармонҳои Худо ба шумор меравад.
Номи пурра
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи пурраи пайғамбар: Абулқосим Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманноф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фаҳр ибни Молик ибни Назр ибни Кинона ибни Хузайма ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар ибни Низор ибни Муъад ибни Ъаднон.
(ар. أَبُو الْقَاسِمْ مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ اللهِ بن عَبْدِ الْمُطَّلِب بن هَاشِم بن عَبْد مَنَاف بن قًصَي بن كِلَاب بن مُرَّة بن كَعَب بن لُؤَي بن غَالِب بن فَهْر بن مَالِك بن اَلنَّضْر بن كِنَانَة بن خُزَيْمَة بن مُدْرِكَة بن إِلْيَاس بن مُضَر بن نِزَار بن مُعَد بن عَدْنَان)
Симо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) аз насли пайғамбар Исмоил (Алайҳиссалом) ки аз арабони-аднониҳо буд ва бо симои сафеди худ аз ҳамқабилагон фарқ мекарданд. Аз рӯи шаҳодати ҳамзамонон ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) китфи васеъ, қади миёна, банди дастҳо ва кафи пойи барҷаста доштанд. Дар байни тахтапушт муҳри пайғамбарӣ буд, ки аз нақши секунҷаи барҷаста иборат буд.[6] Он кас мижгони дароз, абрӯвони ба ҳам пайваст ва гардани дарози зебо доштанд.[7]
Уламои бузурги ислом ва таърихчӣ Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ дар китоби худ «Таърихи умумӣ» симои ҳазрати Муҳаммадро ин гуна тавсиф медиҳанд:
«Он кас қади миёна доштанд: на баланд, на паст. Ранги рӯяшон гандумранг, чашмони сиёҳ, мӯйҳои зич, дурахшон ва бениҳоят зебо. Риш доштанд. Дарозии мӯяшон аз сар то ба китф мерасиданд. Ранги муйҳояш сиёҳ буд... Бо завқ чунон роҳ мегаштанд, ки ҳар бори дидан атрофиён фикр мекарданд, ки пойҳои пайғамбар заминро нарасида истодааст. Аммо дар роҳгардии он кас он фахре ки ба бузургони олам мансуб аст, набуд. Чеҳраи чунон зебое доштанд, ки чашмро канда кардан номумкин буд. Гурӯснаҳо бо як дидан хӯрокро фаромуш мекарданд. Ситамдидагон дар пеши он кас, аз чеҳраи зебо ва суханҳои нарм аз ғамҳояшон фаромуш мекарданд. Онҳое ки диданд, якдилона буданд, ки ҳеч вақт, на пеш, на баъд, нидида буданд одамеро, ки суҳбат бо ӯ чунин форам бошад. Бинии рост, дандонҳои сирак (тунук). Баъзе вақт мӯйҳо аз сар озод фурӯ меомаданд, баъзе вақт он кас ба ду ё чор кокул мебастанд. Дар сини 62 солагӣ муйҳои сафед умуман надоштанд...»[8]
Ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) пушидани либосе ки ранги сафед дошт, дӯст медоштанд ва аксарияти онҳо куртаҳои дарози сафед буданд (камис) ин чунин либоси васеи рахдори беостини рӯйи Яманӣ (ҳибар), салла ва изор, ки дар гирди миён тоб мехӯрад ва то байни анат дарозӣ дошт. Дар даст ангушти нуқрагӣ доштанд, ки дар он «Муҳаммад — Фиристодаи Аллоҳ» навишта шуда буд. Он кас покиза буданд, ва ҳар лаҳза аз атри хушбӯй истифода мебурданд ва дандонҳоро ҳамеша бо мисвок тоза мекарданд.[9]
Ҷойи Ҳазрати Муҳаммад дар байни пайғамбарон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) дар байни пайғамбарон ҷоизаи баландро дорад ва барои ин яке аз тафсифи ӯ — Ҷаноби Пайғамбарон аст. Мувофиқи ислом имон овардан ба тамоми инсон ба пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) фарз мебошад ва на танҳо ба аҳли ислом, балки ба насрониҳо ва яҳудиҳо низ, ки бояд даъвати ӯро нисбати қабул кардани шариат мақбул кунанд.
Аҳмад Саид Рамазони ал-Бутӣ дар боби ҷоизаи Ҳазрати Муҳаммад ва шариати ӯ чунин навишта:
«Фарқияте нест дар байни динҳое, ки фақат як худоро эътироф мекунанд, чун ҳамаи онҳо дар як ҳалқаи Худованд мебошанд ва супориши ҳазрати Муҳаммад авҷи аълои тарақиёти улуми динҳои инсон аст. Аммо фарқият дар қонунбарорӣ (шариатҳо), ки бо ҳар пайғамбар омада буд, ҳаст.»[10].
Таҳсили дини
[вироиш | вироиши манбаъ]Пешгӯии Инҷил оиди пайдоиши ҳазрати Муҳаммад
[вироиш | вироиши манбаъ]Арабистон ва Макка то ибтидои возеҳии ҳазрати Муҳаммад
[вироиш | вироиши манбаъ]Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамсарони Ҳазрати Муҳаммад (с) |
---|
- Авлод
Қурайш | Қусайя | ____________________ | | Абд-ад-Дар Абд-Манаф ______________________________________________________ | | | Абд-Шамс Ҳошим (назд. соли 510.) Муттолиб | | Умайя Абдул-Муттолиб (Шайба) | | _________________ ____________________________________________ | | | | | | | Абдул-Ас Ҳарб Ҳамза Абу-Толиб Абдулло Аббос Абу-Лаҳаб ___________ | | + Амина | | | | | Ал-Ҳакам Аффан Абу Суфян | Муҳаммад + Хадича | | | | | | | | | ____________________________ Марван Усмон Муавия | | | | | Али + Фотима Зайнаб Руқия Умм-Кулсум солҳои 656-61. | _____________ | | Ҳасан Ҳусайн
Солнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамзамонон
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақш дар таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Нависанда ва донишманди амрикоӣ Майкл Ҳарт дар китоби худ «100 инсони бузург (en)» навиштааст, ки ҳазрати Муҳаммад аз ҳама шахсияти бузургтарин дар таърихи вуҷуди инсоният мебошад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ الذهبي ش. ا. سير أعلام النبلاء (араб.) — 1 — بيروت: مؤسسة الرسالة, 1985. — Ҷ. سيرة 1. — С. 36.
- ↑ المباركفوري ص. ا. الرحيق المختوم (араб.) — 1976. — С. 588. — ISBN 978-1-59144-070-3
- ↑ الدمشقي ا. ك. البداية والنهاية, Al-Bidāyah wa-al-nihāyah (араб.) — القاهرة: هجر للطباعة والنشر والتوزيع والإعلان, 1997. — Ҷ. 3. — С. 377.
- ↑ Уламо ва риёзидонони машҳур ба ин назаранд, ки Расули акрам (с) рӯзи душанбе нуҳуми рабиъулаввали (соли Фил), ки мутобиқ ба бистуми апрели соли 570 мелодӣ аст, таваллуд шудааст. // Муҳаммадиқболи Садриддин. Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с). — С. 6.
- ↑ Дар сураи Аҳзоб, ояи 40: «Муҳаммад падари ҳеч кас аз мардони шумо нест; валекин пайғамбари Худо ва Мӯҳри пайғамбарон аст. Ва Худо ба ҳар чиз Доно аст». مَا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِنْ رِجَالِكُمْ وَلَكِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا
- ↑ Аль-Бухари (№ 5908), Муслим (№ 2340)
- ↑ О достоинствах Пророка Мухаммада, мусульманской нравственности и праведном поведении. Мухаммад ибн Джамиль Зину. 20 Январ 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2012.
- ↑ Посланник Аллаха. Ф. А. Асадуллин, Р. И. Султанов и др.. 20 Январ 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 августи 2013.
- ↑ Мухтасар аш-шамаиль" (№ 97, 188)
- ↑ Аль-Буты Р. Фикх ас-сира ан-набавия [Понимание жизнеописания Пророка]. Каир: ас-Салям, 1999, с. 34.
- ↑ Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%AD%D9%85%D8%AF
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 20 апрел
- Зодагони соли 571
- Даргузаштагони 8 июн
- Даргузаштагони соли 632
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо
- Муҳаммад
- Саҳифаҳо бо истифодаи нодурусти шаблони Равонакунӣ
- Зодагони шаҳри Макка
- Даргузаштагони шаҳри Мадина
- Википедия:Саҳифаҳои дорои модули Hatnote бо пайванди сурх
- Паёмбарон дар ислом
- Шахсиятҳо:Хилофати Араб
- Паёмбари ислом