Tg.Wikipedia

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.

Айни ҳол дар донишнома 95,456 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Тоҷикистон
Санъат
Таърих
Адабиёт

Илм
Ҷуғрофия
Зиндагинома
Ислом

Варзиш
Техника
Математика
Ҳама порталҳо

Эҷоди мақола (тавассути ёрирасон) Роҳнамо Феҳристи Википедияҳо Википедия дар расонаҳо

Мақолаи баргузида

Religious Ceremonies and Customs of Tajiks. Interior of the Mosque of Kok Gumbaz in Ura Tiube WDL10861.png

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форс. زکریای رازی‎) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд. Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт, фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст. Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.

(бештар...)

Мақолаи хуб

Аҳмадшоҳи Масъуд (форс. احمد شاه مسعود‎ — Ahmad Šāh-e Mas'ūd, 2 сентябри 19539 сентябри 2001) — абармарди сиёсат ва сипоҳсолори маъруфи Афғонистон, вазири мудофиаи Афғонистон (19921996). Қаҳрамони миллии Афғонистон (2002). Миллаташ тоҷик. Машҳур бо лақаби Шери Панҷшер (форс. شیر پنجشیر‎ — Šēr-e Panjšēr). Масъуд — тахаллусаш, ки дар забони арабӣ маънои «Хушбахт»-ро дорад ва онро соли 1975 дар вақти аввалин шӯриш дар водии Панҷшер – якумин баромади силоҳии опозитсионии исломӣ дар Афғонистон гирифта буд.

Бо ҳамроҳхи Раббонӣ ба ҳизби исломии аҳли Афғонистон сарварӣ кардааст, дар аввалҳои соли 1990 барои сохтани давлати алоҳидаи зиддипаштунӣ бо сарварии тоҷикон дар Шимолии Афғонистон баромад кардааст. Орзуе дошт, ки давлати мустақили тоҷиконро аз сарҳади ҳозираи Ҷумҳурии Исломии Эрон то Самарқанду Бухоро таъсис диҳад.

Баъд аз баровардани аскарони шуравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, бар аҳолии истиқлоли тоҷикон, ки шумораи 7,5 миллион нафар дошт ва ҳамчун худуди зисти худ Шимолу Шарқии Афғонистонро ташкил мекард ( маҳалҳои Парвон, Таҳор, Бағлон, Бадахшон ва ҳоказо) бо пойтахташ дар Толуқон, «Масъудистон» номидаанд дорои ҳукумати шахсӣ, пул ва силоҳи хуб бо 60 ҳазор нафар сарбоз бунёд карда сарварӣ кардаст.

(Бештар…)

Феҳристҳо ва порталҳои баргузида

Феҳристи баргузидаи охирин:
State Emblem of the Soviet Union.svg
Феҳристи орденҳои ИҶШС
Феҳристи баргузидаи қаблӣ:
Ruddy-turnstone-icon.png
Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи Тоҷикистон

Нигораи рӯз

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Ҳамчунин нигаред

Футболбозони машҳури ҷаҳон:



Рӯйдодҳои ҷорӣ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
  • 27 июли соли 2018 Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, хонандагони Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Русия, Малайзия, Булғористон, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд, сазовори 201 медал (47 тилло, 71 нуқра ва 83 биринҷӣ) гардиданд.[1]
  • 30 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кории худ ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд санги аввалини навбатиро ба пойдевори сохтмони бузургтарин ширкати тиллоковӣ «Талко Голд», ки 50% — и он ба Чиниҳо мутааллиқ аст гузошт. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми истеҳсоли тилло дар аввали соли 2020 дар ширкати мазкур 1,5 тонна ва истеҳсоли сурма 16 тоннаро ташкил хоҳад кард.[2].
  • 27 июни соли 2018 Дар ш. Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.[3].
  • 27 июни соли 2018 Дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.[4].
  • 27 июни соли 2018 Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Имсол шаҳри Конибодом ҷашнгоҳи асосии ваҳдатсарои ҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст.[5].
  • 27 июни соли 2018 Нашриёти «Истеъдод» дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро аз чоп баровард. Ин ҷилди 29-уми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад, ки аз соли 2004 инҷониб ба нашр мерасад.[6].
  • 14 июни соли 2018 Оғози мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018  — 21-ум ҷоми ҷаҳонии ФИФА, аз рӯи нақша аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия баргузор мегардад.[7]
  • 16 майи соли 2018 650 трактор дар як сол. Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба фаъолияти Корхонаи муштараки тракторсозӣ дар ш. Ҳисор ифтитоҳ гузоштанд.(/news.tj/tj/ 16.05.2018).
  • 16 майи соли 2018 Масофаи роҳ 174 километр ва 4,5 соат вақти сафар бо 50 сомонӣ: баъди танаффуси 26-сола байни Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои автобусҳои мусофирбар барқарор шуд.(/news.tj/tj/ 16.05.2018).
  • 11 майи соли 2018 Беларус дар Ҳисор корхонаи трактор месозад. (/ozodi.org 11.05.2018).
  • 8 майи соли 2018 Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шуруъ кард.(/news.tj/tj/ 08.05.2018).
  • 9 апрели соли 2018 Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
  • 6 апрели соли 2018 Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018).
  • 24 марти соли 2018 мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.(//khovar.tj/ 24.03.2018).
  • 22 марти соли 2018 дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 марти соли 2018 ба кори хеш шурӯъ намудааст, ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ намуданд.(khovar.tj/ 22.03.2018).

Эзоҳ

Ҳамкориҳои ҳафта

Лоиҳаҳои марбут

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

Забонҳои Википедиа

Сафоратхона / Embassy Бунёди Викимедиа Тамос Дигар фаслҳои забонӣ