Гиждалобод
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Чоряккорон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3195 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Гиждалобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гиждалобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3195 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа солҳои 1948–49 баъди ба истифода додани Канали калони Ҳисор ва обёрӣ гардидани заминҳои бекорхобида бунёд гардида, аҳолӣ аз деҳаи Чоряккорон кӯчонда шудаанд.
Ицтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 масҷиди панҷвақта, чойхона, 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва 3 анбори нигоҳдорӣ ва фурӯши сӯзишворӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гиждалаобод 22 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуданд. Роҳи оҳани Душанбе – Заводи семент аз ҳудуди деҳа мегузарад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гиждалобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2